Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Муғулистон муайян шуд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили мунтахаби Муғулистон даъват мешаванд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Нимҳимоятгари бошгоҳи «Навбаҳор»-и Намангони Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе ҳарчанд ба мунтахаби Тоҷикистон даъват шудааст, вале ӯ аз сабаби гирифтани кортҳои зиёдатии зард дар бозӣ муқобили мунтахаби Муғулистон иштирок намекунад.

Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад. Нархи билетҳо ба ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар мувофиқа бо FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин бозиро метавонанд то 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозӣ муқобили тими миллии Муғулистон 19-уми март дар Душанбе шуруъ хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Муғулистон:

Дарвозабонҳо:

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)

Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Ҳимоятгарон:

Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)

Фарҳод Восиев («Тамбов», Русия)

Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)

Искандар Ҷалилов («Истиқлол»)

Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)

Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Нимҳимоятгарон:

Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)

Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)

Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон)

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)

Ислом Зоиров («Истиқлол»)

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)

Ҳамлагарон:

Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)

Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Узбекистон)

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Рустам Соиров («Истиқлол»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Мусобиқаи интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

25-уми март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Тоҷикистон Муғулистон

Сардовар: Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ (Ироқ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG