Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мусобиқаҳои наврӯзӣ доир мешавад


"Наврӯзгоҳ"-и Душанбе.
"Наврӯзгоҳ"-и Душанбе.

Рӯзҳои 20-21-уми март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ («Гуштингирӣ») бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» доир мегардад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ин мусобиқа ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар дар назар аст. Ғолибон бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида мешаванд. Паҳлавонони зӯртарин бо Ҷоми «Пойтахт-2021» ва шоҳҷоиза - мошинҳои сабукрав - сарфароз мегарданд.

Рӯзи 24-уми март дар “Наврӯзгоҳ”, инчунин мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» бо ҷалби аспсаворон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Ба ғолибон ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани мусобиқаҳои гуштини миллӣ ва аспдавонӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ беш аз 185 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст.

Ҳамчунин бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе, ки 10-уми март оғоз ёфт, дар Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - 17-уми апрел - натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Мусобиқаи мазкур соли панҷум аст, ки дар майдончаҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад ва сол то сол сафи иштироккунандагони он меафзояд. Имсол дар ин мусобиқаи анъанавӣ зиёда аз 80 даста иштирок дорад. Дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG