Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ва "Файзканд" дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври сеюми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ)-2021, ки рӯзи сешанбе, 16-уми март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар майдонҳои осоиишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии бонки миллӣ баргузор шуданд, дастаҳои финалисти мусобиқаро муайян карданд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми март доир мегардад, ду дастаи вилояти Хатлон - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Файзканд»-и Восеъ – бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Тибқи дастури мусобиқа ин ду даста, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро гирифтанд, бо дарназардошти натиҷаҳои беҳтарин ба финали мусобиқа роҳ пайдо карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим 11 даста - ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва мунтахаби наврасони кишвар (U-17) ширкат доранд.

Дастаҳо ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Дар даври сеюм дар гурӯҳи «А» бозиҳо миёни дастаҳои «Истаравшан» - «Эсхата» ва ССКА - «Хатлон» бо ҳисоби якхелаи 1:1 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” дастаи “Хатлон” бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб намуд.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Равшан» тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дастаи «Кӯктош» бар ҳайати ҷавонони «Истиқлол» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дар ин гурӯҳ дастаи “Равшан” бо 9 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифт.

Дар гурӯҳи “В” дастаи “Душанбе-83” тими “Хуҷанд-2”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар ин гурӯҳ “Файзканд” бо 6 имтиёз ғолиб шуд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистона аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи Ҷоми ЛФТ дастаи ССКА мебошад. Соли гузашта ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Истаравшан» – «Эсхата» – 1:1

Голҳо: Кевин Кваси, 43 (1:0). Акобир Тураев, 90 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтовар Зокиров («Эсхата»), 35 – барои таҳқири ҳариф, Тенгег Невел («Истаравшан»), 41 – корти дуюми зард, Диловар Бойқузиев («Истаравшан»), 71 – корти дуюми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Бахтиёр Қаландаров («Истаравшан»).

ССКА – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Феликс Тетте, 11 (1:0). Суннатулло Исмоилов, 16 – аз пеналти (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Тоҳир Тағойзода («Хатлон»).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

4-1

7

2

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

1

1

1

2-2

4

3

ССКА (Душанбе)

3

0

2

1

3-4

2

4

«Эсхата» (Душанбе)

3

0

2

1

3-5

2

Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм

«Равшан» – Тоҷикистон (U-17) – 2:1

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 59 (1:0). Зокир Аблулхайров, 85 (2:0). Хусрав Тоиров, 90+3 – аз пеналти (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Нодирбек Иброҳимов («Равшан»).

«Истиқлол-2» – «Кӯктош» – 1:3

Голҳо: Суҳроб Раҳмонов, 11 (0:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 38 (0:2). Муҳаммад Саломзода, 83 (0:3). Маҳмуд Шафиев, 85 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳусейн Мардонов («Истиқлол»).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

3

3

0

0

11-1

9

2

Тоҷикистон (U-17)

3

2

0

1

9-3

6

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

0

2

4-7

3

4

«Истиқлол-2» (Душанбе)

3

0

0

3

1-14

0

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

«Душанбе-83» – «Хуҷанд-2» – 1:0

Гол: Алишер Эргашев, 88 – аз пеналти.

Аз майдон хориҷ шуд: Анушервон Наврӯзов («Душанбе-83»), 22 – барои таҳқири ҳариф, Ҷонибек Узоқов («Хуҷанд-2»), 89 – корти дуюми зард.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Файзканд» (Восеъ)

2

2

0

0

6-2

6

2

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

1

0

1

3-3

3

3

«Хуҷанд-2» (Хуҷанд)

2

0

0

2

0-4

0

18 март (панҷшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

10:00 – «Кӯктош» – «Эсхата». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

10:00 – ССКА – «Хуҷанд-2». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:00 – «Душанбе-83» – «Истаравшан». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

14:00 – «Хатлон» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

19 март (ҷумъа)

Финал

9:30 – «Равшан» – «Файзканд». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

XS
SM
MD
LG