Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои Осиё дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2021), ки рӯзҳои 13-14-уми март дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ноком гаштанд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 198 варзишгар (110 мард ва 88 зан) аз 6 кишвар - Австралия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - ширкат дошт.

Тоҷикистонро ду гуштигир - Амриддин Шарифов (дар вазни то 66 кг) ва Хушвақт Идиев (дар вазни то 81 кг) – намояндагӣ карданд, вале ҳарду дар даври муқаддамотӣ аз варзишгарони Қазоқистон шикаст хӯрданд. Амриддин қувваозмоиро ба Есет Куанов ва Хушвақт ба Аян Бойғозӣ бохтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти натиҷаҳои сабқати мардону занон мунтахаби Русия бо касби 8 медали тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон (5-8-14) мақоми дувум ва мунтахаби Узбекистон (1-1-6) мақоми севумро ишғол карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон
-60 кг

1. ШАМШАДИН Мугжан (Қазоқистон)
2. СЮКЕНОВ Даурен (Қазоқистон)
3. МЕРЕМОВ Дамир (Русия)
3. ЖАУЙНТАЙЕВ Бауйржан (Қазоқистон)

-66 кг
1. КУАНОВ Йессет (Қазоқистон)
2. ЖУБАТКАН Сунггат (Қазоқистон)
3. АМАНГЕГДӢ Йермек (Қазоқистон)
3. САГИНГАЛИУЛИ Байржан (Қазоқистон)

-73 кг
1. ЮЛДОШЕВ Муродҷон (Узбекистон)
2. БАГТБЕРГЕНОВ Жанболат (Қазоқистон)
3. АБДУРАҲМОНОВ Бахитан (Қазоқистон)
3. БОРИС Куан (Қазоқистон)

-81 кг
1. ЕДИЛБИЕВ Магомед (Русия)
2. БОБОЕВ Ҷийосен (Узбекистон)
3. АРКАБАЙ Барак (Қазоқистон)
3. ТОҶИЕВ Арслонбек (Узбекистон)

-90 кг
1. МУЗАФФАРОВ Йерсултан (Қазоқистон)
2. ДОНСОВ Роман (Русия)
3. ДОВУДОВ Наҷибулло (Русия)
3. ПАЛКИН Рега (Қазоқистон)

-100 кг
1. ДОВГАН Дмитрий (Русия)
2. БАКАНОВ Денис (Русия)
3. САРКИСЯН Лев (Русия)
3. СЕРИКБОЕВ Ойбек (Қазоқистон)

+100 кг
1. КАЖИБОЕВ Йерассал (Қазоқистон)
2. ЙЕРГАЛИЕВ Йеламан (Қазоқистон)
3. КРИКБАЙ Галимжан (Қазоқистон)
3. ОРАЗБОЕВ Одил (Қазоқистон)

Занон
-48 кг

1. АБУЖАКИНОВА Абиба (Қазоқистон)
2. СЕРГЕЕВА Алина (Русия)
3. МУРОТБОЕВА Гулнур (Узбекистон)
3. ВОРОБЁВА Марина (Русия)

-52 кг
1. НУГАЕВА Лилия (Русия)
2. САРСЕНОВА Меруйерт (Қазоқистон)
3. СУЛТОНБЕКОВА Салтанат (Қазоқистон)
3. ЙЕРАЛИЕВА Нурсулу (Қазоқистон)

-57 кг
1. КАЗАРИНА Юлия (Русия)
2. ЗУЕВА Ирина (Русия)
3. АМИНОВА Шукурой (Узбекистон)
3. ГАНЯЕВА Мухлиса (Узбекистон)

-63 кг
1. БАГАУТДИНОВА Ойгул (Русия)
2. ГАЛИТСКАЯ Ксения (Русия)
3. БЕРДИБЕКОВА Иоланта (Қазоқистон)
3. МИРЗОАХМЕТОВА Саёра (Қазоқистон)

-70 кг
1. ЛИЛУАШВИЛИ Дали (Русия)
2. БЕКТАСКИЗИ Зере (Қазоқистон)
3. ХОЛМУРОДОВА Фарангиз (Узбекистон)
3. ЗОЛНИКОВА Татяна (Русия)

-78 кг
1. БУКРЕЕВА Марина (Русия)
2. РАИФОВА Зарина (Қазоқистон)
3. ЛЯЛИНА Татяна (Русия)
3. ВОРОНИНА Светлана (Русия)

+78 кг
1. ВЛАДИМИРОВА Даря (Русия)
2. БЕРЛИКАШ Камила (Қазоқистон)
3. ИЛМАТОВА Рината (Узбекистон)
3. ХОЛОДИЛИНА Анастасия (Русия)

XS
SM
MD
LG