Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Деҳлӣ доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шаҳри Деҳлӣ мизбони мусобиқаи қаҳрамонии имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) тасдиқ шуд. Ин чорабинӣ аз 21-ум то 31-уми майи имсол баргузор хоҳад шуд ва пойтахти Ҳиндустон беҳтарин муштзанҳои Осиёро ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ истиқбол хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки қувваозмоиҳо дар толори варзишии “KH Jadhav”, макони баргузории қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар соли 2018, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии пештараи бокси Осиё соли 2019 дар Бангкоки Тайланд доир шуда буд, ки дар он муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард.

Феълан Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон омодагӣ мебинанд.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуда буд, ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифтаанд. Дар Бозиҳои олимпӣ Баҳодур дар вазни то 63 кг ва Шаббос дар вазни то 81 кг рақобат хоҳанд кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов, ки моҳи январи имсол дар мусобиқаи байналмилалии бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Сочи ғолиб шуд, аз 15-ум то 23-юми март боз дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Русия иштирок хоҳад кард.

Шаббос Неъматуллоев бошад, аз 15-ум то 21-уми март дар як мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Истамбули Туркия ба нақша гирифта шудааст, ширкат меварзад.

Инчунин ҳарду муштзани тоҷик моҳҳои апрел ва май дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки ҳанӯз рӯзҳои баргузориашон маълум нашудааст, иштирок хоҳанд кард.

Ба ғайр аз ин, дар ин давра баргузории ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба нақша гирифта шудааст.

Қабл аз Бозиҳои олимпӣ бошад, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ҳамроҳ бо муштзанҳои Русия ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG