Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба бозии Тоҷикистону Муғулистон то 10 ҳазор мухлисро роҳ медиҳанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури тамошобинон доир мегардад.

Дар мувофиқа бо FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин бозиро метавонанд то 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад. Нархи билетҳо ба ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозӣ муқобили тими миллии Муғулистон 19-уми март дар Душанбе шуруъ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, эълон кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Ҳоло дар гурӯҳи «F” мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Мусобиқаи интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

25-уми март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон – Муғулистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG