Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 4-уми апрел оғоз меёбад


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи 30-юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати даҳ дастаи лигаи олӣ рӯзи 4-уми апрел оғоз меёбад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, маросими қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 12-уми март дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.

Мусобиқаи имсола дар се марҳила доир мегардад ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом хоҳад дод. Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқа панҷ бозӣ миёни дастаҳои зерин барпо мегардад:

«Кӯктош» – «Истиқлол»
«Истаравшан» – «Равшан»
«Файзканд» – ССКА
«Эсхата» – «Хатлон»
«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

Баъди қуръакашии тақвими марҳилаҳои якуму дуюм, инчунин қуръакашии марҳилаи сеюм доир шуд. Дар асоси ҷадвали Бергер дар даври аввали марҳилаи сеюми қаҳрамонии Тоҷикистон дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

«Истиқлол» – «Равшан»
«Хатлон» – «Кӯктош»
«Истаравшан» – «Файзканд»
«Хуҷанд» – «Душанбе-83»
«Эсхата» – ССКА

Тақвими бозиҳои мусобиқаи 30-юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар асоси талаботи ҷадвали олим ва шоҳмотбози машҳури австриягӣ Бергер тартиб дода мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои 9-ум ва 10-умро мегиранд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG