Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021: натоиҷи бозиҳои даври дуюм


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври дуюми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ)-2021 рӯзи шанбе, 13-уми март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар майдонҳои осоиишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии бонки миллӣ баргузор шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим 11 даста - ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва мунтахаби наврасони кишвар (U-17) ширкат доранд.

Дастаҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар даври дуюм дар гурӯҳи «А» «Хатлон» бар «Истаравшан» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Зимнан, ин ғалаби дуюми бохтариҳо дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Эсхата» ва ССКА бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Дар гурӯҳи “А” дастаи “Хатлон” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Равшан» тими «Кӯктош»-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба дарвозаи ҳайати ҷавонони «Истиқлол» 6 голи беҷавоб зад. Дар ин гурӯҳ дастаҳои “Равшан” ва мунтахаби наврасони кишвар бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Дастаи «Файзканд», ки тими «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, дар гурӯҳи «В» бо 6 имтиёз ғолиб шуд.

Бозиҳои даври сеюми Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 16-уми март, баргузор мешаванд.

Тибқи дастури мусобиқа ду дастае, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, бо дарназардошти натиҷаҳои беҳтарин ба финали мусобиқа роҳ пайдо мекунанд. Бозии ниҳоӣ 19-уми март доир мегардад.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистона аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи Ҷоми ЛФТ дастаи ССКА мебошад. Соли гузашта ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Хатлон» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Умедҷон Шарипов, 90+1 – аз пеналти.

Беҳтарин бозигари дидор: Умедҷон Шарипов («Хатлон»).

«Эсхата» – ССКА – 2:2

Голҳо: Рустам Сабуров, 18 (1:0). Фирӯз Бобиев, 30 – аз пеналти (1:1). Бахтовар Зокиров, 54 (2:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 55 – ба дарвозаи худ (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Сабуров («Эсхата»).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

2

2

0

0

3-0

6

2

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

1-1

3

3

ССКА (Душанбе)

2

0

1

1

2-3

1

4

«Эсхата» (Душанбе)

2

0

1

1

2-4

1

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

«Истиқлол-2» – Тоҷикистон (U-17) – 0:6

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 15 – аз пеналти (0:1). Хусрав Тоиров, 66 (0:2). Кабир Салимшоев, 69 (0:3). Асадбек Ҷӯрабекзода, 77 (0:4). Абдулло Шарипов, 87 (0:5). Суннатулло Азизов, 90+3 – аз пеналти (0:6).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷаҳонгир Холов («Истиқлол»), 58 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Алиҷони Айнӣ (Тоҷикистон, U-17).

«Кӯктош» – «Равшан» – 0:4

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 4 (0:1). Нодирбек Иброҳимов, 23 (0:2). Анвар Муродов, 37 (0:3). Наврӯз Рустамов, 54 (0:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Сафаралӣ Каримов («Равшан»).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

2

2

0

0

9-0

6

2

Тоҷикистон (U-17)

2

2

0

0

8-1

6

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

0

0

2

1-6

0

4

«Истиқлол-2» (Душанбе)

2

0

0

2

0-11

0

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

«Хуҷанд-2» – «Файзканд» – 0:3

Голҳо: Абдухалил Боронов, 18 (0:1). Шоҳрух Сангов, 58 (0:2). Ҳувайдои Гулмурод, 70 (0:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Маҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»).

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Файзканд» (Восеъ)

2

2

0

0

6-2

6

2

«Душанбе-83» (Душанбе)

1

0

0

1

2-3

0

3

«Хуҷанд-2» (Хуҷанд)

1

0

0

1

0-3

0

Даври 3-юм

16-уми март (сешанбе)

Гурӯҳи «А»

10:00 – ССКА – «Хатлон». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

10:00 – «Истаравшан» – «Эсхата». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

Гурӯҳи «Б»

14:00 – «Равшан» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

14:00 – «Истиқлол-2» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

Гурӯҳи«В»

14:00 – «Душанбе-83» – «Хуҷанд-2». Варзишгоҳи «Баҳористон-2»

XS
SM
MD
LG