Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии аврупоиҳо аз мушкили ваксина ва мавҷи севуми коронавирус


Ваксинаи AstraZeneca
Ваксинаи AstraZeneca

Теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон ва бахусус Аврупо аз мавҷи севуми бемории коронавируси нав нигарон ҳастанд.

Ташвишҳо баъди он бештар шудаанд, ки раванди татбиқи ваксина кунд ва чанде аз кишварҳо истифода аз ваксинаи AstraZeneca-ро боздоштаанд.

Фишорҳо ба ин ширкати муштараки Бритониёву Шветсия пас аз он афзуд, ки ҳарос аз лахта шудани хун дар натиҷаи татбиқи ваксина бештар шуд. Ҳарчанд Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Идораи дорувори Аврупо гуфтаанд, ваксинаи AstraZeneca амн аст.

Тоҷикистон низ бар асоси барномаи COVAX ин навъи ваксинаро дастрас кардааст, аммо то ҳанӯз қарори татбиқи онро дар кишвар қабул накардаанд. Намояндаи Вазорати тандурустӣ гуфта буд, мунтазири хулосаи ҳукумат ҳастанд.

Дар ин миён гуфта мешавад, баъзе аз кишварҳо ва ба вижа дар Аврупо бо мавҷи севуми коронавируси нав рӯ ба рӯянд ва мавридҳои гирифторӣ ба он шояд дар рухсатиҳои моҳи апрел, ки бо иди масеҳиён рост меояд, афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG