Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷопон ва Мянмар дар Ҷопон баргузор мешаванд


Дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Ин бозӣ соати 18:00 оғоз меёбад.

Мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022:

Гурӯҳи A: Чин.

Гурӯҳи B: Кувайт.

Гурӯҳи C: Баҳрайн.

Гурӯҳи D: Арабистони Саудӣ

Гурӯҳи E: Қатар.

Гурӯҳи F: Ҷопон.

Гурӯҳи G: Имороти Муттаҳидаи Араб.

Гурӯҳи H: Кореяи Ҷанубӣ.

Ҳоло дар гурӯҳи «F” мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

XS
SM
MD
LG