Бозиҳои даври аввали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) 11-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим 11 даста - ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва мунтахаби наврасони кишвар (U-17) ширкат доранд.
11 даста ба се гурӯҳ тақсим шудааст. Дар даври аввал дар гурӯҳи «А» «Хатлон» бар «Эсхата» бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан» бар ССКА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Дар гурӯҳи «Б» мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) «Кӯктош»-ро бо ҳисоби 2:1 ва «Равшан» ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд.
Дар гурӯҳи «В» дастаи «Файзканд»-и Восеъ тими «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.
Бозиҳои даври дувуми Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе, 13-уми март, баргузор мешаванд.
Тибқи дастури мусобиқа ду дастае, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, бо дарназардошти натиҷаҳои беҳтарин ба финали мусобиқа роҳ пайдо мекунанд. Бозии ниҳоӣ 19-уми март доир мегардад.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистона аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи ҷом дастаи ССКА мебошад. Соли гузашта Ҷоми ЛФТ насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021:
Гурӯҳи «А»: «Эсхата» (Хуҷанд), ССКА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар).
Гурӯҳи«Б»: «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол-2» (Душанбе), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17).
Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд-2» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ), «Душанбе-83» (Душанбе).
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«Эсхата» – «Хатлон» – 0:2
Голҳо: Умедҷон Шарипов, 69 (0:1). Суннатулло Исмоилов, 74 (0:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
ССКА – «Истаравшан» – 0:1
Гол: Хуршед Олимов, 61.
Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), 22 – дарвозабон.
Аз майдон хориҷ шуд: Насим Расулов («Истаравшан»), 34, Азизҷон Шамсиев («Истаравшан»), 38 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Хуршед Олимов («Истаравшан»).
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-0 |
3 |
2 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
3 |
ССКА (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
4 |
«Эсхата» (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-2 |
0 |
Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум
«Кӯктош» – Тоҷикистон (U-17) – 1:2
Голҳо: Хусрав Тоиров, 41 (0:1). Муҷовид Шовайсуддинов, 42 (0:2). Асадбек Исломов, 64 (1:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Хусрав Тоиров (Тоҷикистон, U-17).
«Равшан» – «Истиқлол-2» – 5:0
Голҳо: Анвар Муродов, 23 (1:0). Ҳасан Рустамов, 35 (2:0). Аваз Камчинов, 38 (3:0). Наврӯз Рустамов, 85 (4:0). Наврӯз Рустамов, 90+2 (5:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Аваз Камчинов («Равшан»).
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-0 |
3 |
2 |
Тоҷикистон (U-17) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
4 |
«Истиқлол-2» (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-5 |
0 |
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
«Файзканд» – «Душанбе-83» – 3:2
Голҳо: Фарҳод Қосимов, 14 (0:1). Абдухалил Боронов, 29 – аз пеналти (1:1). Шавкати Ҳотам, 41 – аз пеналти (1:2). Маҳмадалӣ Содиқов, 90+3 (2:2). Аббос Андалебов, 90+4 (3:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Саидмурод Ғаюров (мураббии дарвозабонҳои «Файзканд»), 86 – барои таҳқири доварон.
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Файзканд» (Восеъ) |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-2 |
3 |
2 |
«Хуҷанд-2» (Хуҷанд) |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
3 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
2-3 |
0 |
Тақвими бозиҳо:
Даври 2-юм
13 март (шанбе)
Гурӯҳи «А»
14:00 – «Хатлон» – «Истаравшан». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»
14:00 – «Эсхата» – ССКА. Варзишгоҳи «Баҳористон-2»
Гурӯҳи «Б»
10:00 – «Истиқлол-2» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Баҳористон-1»
14:00 – «Кӯктош» – «Равшан». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»
Гурӯҳи «В»
10:00 – «Хуҷанд-2» – «Файзканд». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»
Даври 3-юм
16 март (сешанбе)
Гурӯҳи «А»
10:00 – ССКА – «Хатлон». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»
10:00 – «Истаравшан» – «Эсхата». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»
Гурӯҳи «Б»
14:00 – «Равшан» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»
14:00 – «Истиқлол-2» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»
Гурӯҳи «В»
14:00 – «Душанбе-83» – «Хуҷанд-2». Варзишгоҳи «Баҳористон-2»