Томас Бах дубора президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) интихоб шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Бах барои ин мансаб ягона номзад буд ва дар ҷаласаи онлайнӣ ё маҷозии КБО, ки 10-уми март баргузор шуд, 93 раъй ба даст овард. Як нафар мухолиф ва чор нафар бетараф буданд.
Ҳуқуқшиноси олмонӣ, президенти нӯҳуми КБО, ки роҳбарии Ҳаракати олимпиро соли 2013 бар дӯш гирифт, қарор аст то соли 2025 дар ин вазифа кор кунад.
Бах пас аз Бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020, ки 8-уми августи имсол анҷом меёбад, фаъолияти чорсолаи худро дар раёсати ташкилот оғоз мекунад.
Томас Бах гуфт: "Ташаккури зиёд барои эътимод. Барои ман, ин бо дарназардошти ислоҳоти зиёд ва қарорҳои мушкиле, ки мо бояд қабул кунем ва ин ба ҳамаи мо таъсир расонд, боз ҳам ҳайратовартар аст. Ман мехостам барои ҳамаи шумо президент бошам ва ин то давраи дуюм ва охирин идома меёбад. Дари ман, гӯшҳо ва дили ман барои ҳар яки шумо кушода боқӣ мемонад. Умедворам, ки ман ба уҳдадорӣ, садоқат ва дӯстии шумо дар тӯли чаҳор соли минбаъда умед баста метавонам".
Томас Бахи 66-сола, барандаи медали тиллои олимпӣ дар шамшербозӣ дар 37-солагӣ узви КБО шуд ва пеш аз президент шудан дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла 11 сол ба ҳайси ноиби президенти КБО фаъолият кардааст.
Бах пас аз пирӯзӣ дар даври дуюми овоздиҳӣ ҳафт сол пеш дар Иҷлосияи КБО дар Буэнос-Айрес ҷойгузини Жак Рогге ба мақоми президенти КБО интихоб шуда буд.
Ёдовар мешавем, Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, моҳи июни соли 2015 зимни як сафари корӣ ба Душанбе омада буд. Бахро дар ин сафар раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Томас Бах ва ҳамроҳонаш дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпӣ (КМО) мебошад, мулоқот кард.
Меҳмонон, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, бо варзишгарону мураббиёну доварони маъруф, инчунин аъзои кумитаи иҷроия ва кормандони КМО мулоқот карданд. Ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон буд.