Дар маросими қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ки 9-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ доир гардид, дастаҳои иштироккунандаи мусобиқа ба се гурӯҳ тақсим шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ барпо мегардад, 11 даста - ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва мунтахаби наврасони кишвар (U-17) ширкат меварзанд.
Ин мусобиқа, ки бори севум доир мегардад, бо мақсади омодагии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ба мавсими нави футбол сурат мегирад. Ҳамаи хароҷоти бошгоҳҳои футбол дар ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футбол ва Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт мешавад.
Бар асоси қуръакашӣ 11 даста ба се гурӯҳ тақсим шуд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз як давра иборат аст. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳ аз рӯи имтиёзҳои зиёди бадастоварда муайян карда мешавад.
Тибқи дастури Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ду дастае, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, бо дарназардошти натиҷаҳои беҳтарин ба финали мусобиқа роҳ пайдо мекунанд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистона-2021 рӯзи панҷшанбе, 11-уми март, оғоз меёбад. Зимнан, ин мусобиқа аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи ҷом дастаи ССКА-и Душанбе мебошад. Соли гузашта Ҷоми ЛФТ насиби дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан шуда буд.
Натоиҷи ҷуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистона-2021:
Гурӯҳи «А»: «Эсхата» (Хуҷанд), ССКА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар).
Гурӯҳи«Б»: «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол-2» (Душанбе), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17).
Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд-2» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ), «Душанбе-83» (Душанбе).
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистона-2021:
Даври 1-ум
11-уми март (панҷшанбе)
Гурӯҳи «А»
«Эсхата» – «Хатлон»
ССКА – «Истаравшан»
Гурӯҳи «Б»
«Кӯктош» – Тоҷикистон (U-17)
«Равшан» – «Истиқлол-2»
Гурӯҳи «В»
«Файзканд» – «Душанбе-83»