Дар ҷаласаи онлайнии Ассотсиатсияи самбои Осиё роҳбарияти ташкилот, аъзои кумитаи иҷроия ва намояндагони иттиҳодияҳои миллӣ ширкат варзиданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Ассотсиатсияи самбои Узбекистон, дар ҷараёни мулоқоти маҷозӣ, президенти Ассотсиатсияи самбои Осиё Аламҷон Муллоев нақшаи мусобиқаҳои муҳимро, ки дар давоми сол баргузор мешаванд, муаррифӣ кард. Инчунин дар бораи раванди ҷории дохил намудани самбо ба барномаи Бозиҳои осиёии ҷавонон-2025, ки дар Тошканд доир мегардад, зикр шуд.
Ҷанбаи дигари муҳим он буд, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2021 моҳи июн дар Тошканд баргузор мешавад. Дарвоқеъ, ин мусобиқа мебоист дар Индонезия доир мешуд, аммо дар робита ба бозиҳои соҳилии имсол тасмим гирифта шуд, ки мусобиқа ба кишвари дигар интиқол дода шавад.
Дар натиҷа, дархости Ассотсиатсияи самбои Узбекистон барои баргузории қаҳрамонии Осиё қабул карда шуд. Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки моҳи июн дар Тошканд қаҳрамонии Осиё байни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон баргузор карда шавад. Аксарияти иштироккунандагони маҷлис ин пешниҳодро дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, Тошканд имсол мизбони қаҳрамонии самбои Осиё мешавад. Ғайр аз ин, дар ҷараёни мусобиқа Конгресси ҳарсола ва конфронси интихобии Ассотсиатсияи самбои Осиё баргузор мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот раиси Ассотсиатсияи самбои Узбекистон Алишер Алимов низ барои эътимод изҳори сипос намуда, дар бораи сатҳи баланди ташкили мусобиқа сухан гуфт.
Дар навбати худ, президенти Ассотсиатсияи самбои Осиё ба коре, ки дар Узбекистон оид ба рушди минбаъдаи самбо гузаронида мешавад, баҳои баланд дод.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, бузургсолон ва самбои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуд, 11 медал (3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Мирзоҷамил Рамазонов дар сабқати мардон миёни бузургсолон дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Дар сабқати ҷавонон Шердил Алмосов дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Инчунин Саидиброз Икромов дар вазни зери 90 кило миёни ҷавонон, ки дар финал Шамил Шамшитовро аз Қирғизистон мағлуб кард, барандаи медали тилло гардид.
Ягона медали нуқраро Фирӯз Муъминов дар вазни зери 68 кило миёни ҷавонон соҳиб шуд. Дар сабқати наврасон Муҳаммадҷон Зиёев (-48 кг), Комилҷон Ҳайдаралӣ (-56 кг) ва Субҳон Мирзомуродзода (-70 кг), дар рақобатҳо миёни бузургсолон Талабшо Мунавваров (-52 кг), Ҳамроз Раҷабов (-82 кг) ва Одилҷон Сафаров (+100кг), инчунин дар сабқати самбои размӣ Худоёр Раҷабзода (-68 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.
Мантикан тичорати 20 сола чаъкардаи ин худорахмати на ба фоидаи давлат балки ба фоидаи оилаи Эмомали Рахмонов ва домодаш гузаронида шуд.
МУЛЛОИ ДАРБОРИИ хукумати рахмонув - пас фермаи чавоб ин "домуллотона бехтарину бузургу нотакорору "
Солагии одамона бинед а. Азизи ҷигарбандашонро дар зиндон мариз карда куштанд, онҳо ҳеҷ арзу шикоят надоранд! Ӯро бозии калон доронданд. Чанд нафар аз ҳисоби он пули қарз миллионер шуданд, молу мулкашро гирифтанд, пули қарзро дар сари ин бор карданд. Магар наздикони ин марди кордон аз худ суол намекунанд, ки чаро бародари Алимардонов бо маблағи калонтар зиндонӣ нашуду ду рӯз пеш озод ҳам шудаст? Ё чаро намепурсанд, ки барои чӣ Шаҳбоз Раҷабов терминали гумруки Душанберо шаш моҳ ғорат карда, таги сад миллион долларро ба Дубай бурду ба ӯ чизе нашуд? Мардум ё содда аст ё сахт тарсонидагӣ.
Бояд ба давлати худкома бо ном Точикистон-и фасодзадаю бихишти коррупсияи руи замин, доля супоред, баъд кор мекунед. Наход хаминро фахмиданаш мушкил бошад. Шукрона кунед! Шукрона кунед, ки чунин ватани азизу махбуб доред!
Не, нодуруст гуфтед. Шумо ҳоло бояд барои истифодаи номи он ширкат ба онҳо ҳаққи муаллифӣ пардохт кунетон. 😅😆😄😃🤣