Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии муштзанҳои тоҷик ба Олимпиадаи Токио


Ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев феълан ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон омодагӣ мебинанд.

Ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев феълан ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон омодагӣ мебинанд.

Ҳарду дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуда буд, ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифтаанд. Дар Бозиҳои олимпӣ Баҳодур дар вазни то 63 кг ва Шаббос дар вазни то 81 кг рақобат хоҳанд кард.

Чанде пеш гурӯҳи кории Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) оид ба баргузории мусобиқаҳои интихобии бокс эълон кард, ки мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ, ки дар Пориси Фаронса ба нақша гирифта шуда буд, лағв шуд ва 53 ҷой, ки дар ин мусобиқа бояд ба варзишгарон ҷудо мешуд, акнун тариқи радабандӣ тақсим мешавад.

Чунонки сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, муштзанҳои тоҷик дигар имкони ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Токиоро надоранд, зеро дар асоси радабандие, ки гурӯҳи кории КБО омода кардааст, дар ҳар вазн барои ҳар қора як ҷой ҷудо мешавад ва варзишгароне, ки дар ин феҳрист мавқеи беҳтар доранд, роҳхат ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҳол Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев, ки аз дастгирии молии Кумитаи миллии олимпии кишвар бархӯрдоранд, ба Олимпиадаи Токио омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои дафтаи матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов, ки моҳи январи имсол дар мусобиқаи байналмилалии бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Сочи ғолиб шуд, аз 15-ум то 23-юми март боз дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Русия иштирок хоҳад кард.

Шаббос Неъматуллоев бошад, аз 15-ум то 21-уми март дар як мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Истамбули Туркия ба нақша гирифта шудааст, ширкат меварзад.

Инчунин ҳарду муштзани тоҷик моҳҳои апрел ва май дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки ҳанӯз рӯзҳои баргузориашон маълум нашудааст, иштирок хоҳанд кард.

Ба ғайр аз ин, дар ин давра баргузории ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба нақша гирифта шудааст.

Қабл аз Бозиҳои олимпӣ бошад, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ҳамроҳ бо муштзанҳои Русия ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG