Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таркиби иштироккунандагони Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ)-ро, ки аз 9-ум то 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад, пурра кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ барпо мегардад, ба ҷуз аз мунтахаби наврасони кишвар, ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ширкат меварзанд. Ҳайатҳои асосии қаҳрамон ва ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия мегузаронанд.
Ин мусобиқа, ки бори севум доир мегардад, бо мақсади омодагии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ба мавсими нави футбол сурат мегирад. Ҳамаи хароҷоти бошгоҳҳои футбол дар ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футбол ва Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт мешавад.
Бояд гуфт, ки мусобиқа барои Ҷоми ЛФТ аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи ҷом дастаи ССКА-и Душанбе мебошад. Соли гузашта Ҷоми ЛФТ насиби дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан шуда буд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Ҷоми ЛФТ-2021:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Муҷовид Шовайсуддинов, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Абдулло Шарипов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Барқчӣ»), Муиб Саидов («Хуҷанд»);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода, Суннатулло Азизов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Ҳамин шодравон Умедҷон Тоҷиев шим фурӯхта мегашт беҳтар набуд, ки мондааст ба мардуми бесавод ба корҳои сиёси даст заданро, чаро ҳеҷкас намепурсад ки ки ва чаро ва бо чи сабаб зидият басуи давлат кард, ки гуфта метавонад, ки бачаиман ё додари ман ба ягон аъзо қуш набуд вайро бе гуноҳ ҳабс карданд. Ман ҳам шахсан судими лекин бар гуноҳи худам чун ки мизи ҳарбии ҷ. Чоркуҳ пора хур буду ман ӯ ро як шапалоқ задам ман ҳам суд ҷарима кард, мебоист ман чашм пушам.
Ин вазорати корҳои дохилӣ не, балки як даҳшатхона аст, ки кормандони он одоби оддии ҳамчун инсонро надоранд, саводу малака ҳоло он сӯй истад. Ин ҳолу аҳвол ба ҳамаи намояндагони он дахл дорад - чӣ аз ҳайъати рохбарикунандаи он ва то дарбон. Худоё накарда, агар коратон афтад дар аввал бо як беэҳтиромии онҳо нисбат ба инсон ва як тарзи гуфтори лаҳҷаи авбошона ва як мағрурияту такаббур рӯ ба руй мешавед. Мушоҳидаи охирон нишон медиҳанд, ки ин гуна шиканҷа ва азобу уқубат додан аксаран ва хусусан нисбат ба зодагони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ татбиқ карда мешаванд. Вақташ ояд таърих нисбат ба ин ҷиноятҳои ин вазорат ва кормандони он баҳои лозимӣ хоҳад дод. Ин қонуни зиндагӣ аст! Аҷоиботи кор ин аст, ҳар вақте фарзандони мардумро бо азобу шиканҷа зада мекушанд танҳо як посух аст:- "худро аз тиреза партофт". Бояд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаромӯш накунанд, ки маснаду мансаб ин ҳама дурӯза аст ва Худованд ба ҳар кас нисбати амалаш сазо ва ё ҷазо медиҳад. Фарзандони мардуми бекасу камбағалро зада мекушед, гумон набаред, ки фарзандони худатон дар амн мемонанд.
Чи муаммо боша ки факат ай ошенаи сеюм меафтанд ва коргарои МВД латту куб ва чазоро беасос меноманду худро мусичаи бегунох мегиранд..ин хукумати худкомаи рахмонуф хизмати хирсона карда истодааст барои миллати точик..
Худоё моро нач,от дех, !
Умдҷон Тоҷиев аз Исфара ва даҳҳр нафари дигарро ҳамин хел “аз 3-юм ошена” афтонда куштаанд!