Дар чанд ҷумла
Мақоми панҷуми Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудо дар Тошканд
Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон бо ҳузури тамошобинон баргузор шуд, шоми якшанбе ба поён расид.
Дар рӯзи охирини рақобатҳо шаш нафар варзишгарони тоҷик дар вазнҳои сангин қувваозмоӣ карданд. Аз байни онҳо Темур Раҳимов натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯдар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб кард.
Темур ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд ва нахуст бар Ричард Сипотс (Маҷористон) ғолиб омад. Дар даври баъдӣ бар Адам Окруашвили (Гурҷистон) дастболо шуд. Аммо дар чорякфинал аз Кокоро Кагеура (Ҷопон) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мартти Пуумалаиненро аз Финляндия мағлуб кард. Темури 23-сола барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Эрик Абрамови 21-сола аз Олмон вориди рақобат шуд. Паҳлавони ҷавони олмонӣ дар ҷараёни 3 дақиқаю 02 сония ду “ваза-ари” ба даст овард ва бо баҳогузории “иппон” ғолиб гашт.
Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Лорензо Ригано (Италия) ғалаба кард. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Дар рӯзи охирини мусобиқа дар сабқати мардон боз чор варзишгари тоҷик рақобат карда, дар даври муқаддамотӣ ноком шуданд. Амирҷони Насимҷон дар вазни то 90 кило аз Теодорос Тселидис (Юнон), Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило аз Матиас Мадсен (Дания), Мансур Раҳмон низ дар вазни то 100 кило аз Рамазон Дарвеш (Миср) ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило аз Еней Маринич (Словения) шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки 5-уми март доир шуд, аз байни чаҳор варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров натиҷаи хубтар нишон дод ва дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро касб кард.
Ӯ ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуд ва нахуст бар Янислав Герчев (Булғористон) пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Артём Колосовро аз Беларус шикаст дод. Сипас аз Каромат Ҳусейнов (Озарбойҷон) мағлуб гашт. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвили (Гурҷистон) дастболо шуд.
Шаҳбоз барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Комрон Нуриллоев аз Узбекистон рақобат кард. Довар дар ҷараёни 7 дақиқаю 35 сония ба паҳлавони тоҷик се “шидо” дод ва рақибаш ғолиб дониста шуд.
Рӯзи 5-уми март се паҳлавони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуд. Абумуслим Қаюмзода қувваозмоиро дар вазни то 60 кило ба Солиҳ Йилдиз (Туркия) бохт. Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило аз Дмитрий Минков (Беларус) мағлуб шуд. Дар ин вазн намояндаи дигари Тоҷикистон Баҳром Сӯфиев аз Натон Бурнс (Ирландия) шикаст хӯрд.
Дар рӯзи дувуми мусобиқа низ чаҳор намояндаи Тоҷикистон вориди рақобат шуданд. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Евгений Прокопчук (Русия) шикаст хӯрд.
Ҳақназар Назаров дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Георгий Шерзадашвили (Гурҷистон) ғолиб омад. Ӯ дар даври баъдӣ Марсел Серсеаро аз Руминия мағлуб кард. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври севум қувваозмоиро ба рақиби пуртаҷрибаву номдораш, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015 Таканори Нагасе аз Ҷопон бохт.
Гуштигири дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз Дидор Ҳамза (Қазоқистон) шикаст хӯрд.
Дар сабқати занон ягона намояндаи Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова- дар вазни то 63 кило, ки рақобатро аз даври дувум шуруъ кард, аз Ҳи Ҷу Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар (13 мард ва як зан) шомил буд. Ҳамин тариқ, беҳтарин натиҷаи варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ду ҷойи панҷум аст.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” 497 варзишгар (296 мард ва 201 зан) аз 71 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дошт.
Варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи Grand Slam, ки бори аввал дар Тошканд доир гардид, барои ширкат ва пирӯзиҳои ба даст овардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гардиданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойи севум 500 имтиёз дода шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ба ҷуз аз медал, ҷоизаи молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда шуд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Муғулистон бо касби 2 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми севумро соҳиб шуданд.
Мунтахаби Узбекистон – мизбони мусобиқа - бо касби 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ соҳиби мақоми шашум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо ду ҷойи панҷум дар байни 71 кишвар дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021”:
Мардон
-60 кг
1. НАГАЯМА Рҷую (Ҷопон)
2. СМЕТОВ Йелдос (Қазоқистон)
3. МХЕИДЗЕ Лука (Фаронса)
3. НУРИЛЛАЕВ Комрон (Узбекистон)
-66 кг
1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)
3. ГРИГОРЯН Арам (Русия)
3. НУРИЛЛОЕВ Сардор (Узбекистон)
-73 кг
1. ТСЕНД-ОЧИР Тсоргтбаатар (Муғулистон)
2. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)
3. КАРАПЕТЯН Фердинанд (Арманистон)
3. ОРУҶЕВ Рустам (Озарбойҷон)
-81 кг
1. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
2. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбекистон)
3. ЧУЧИ Сами (Белгия)
3. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
-90 кг
1. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)
2. БОБОНОВ Давлат (Узбекистон)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
-100 кг
1. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
2. ГЕОРГИЕВ Борис (Булғористон)
3. БАТХУЯГ Гончигсурен (Муғулистон)
3. ТУРУБОЕВ Музаффарбек (Узбекистон)
+100 кг
1. КАГУЕРА Кокоро (Ҷопон)
2. КИМ Сунгмин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. АБРАМОВ Эрик (Олмон)
3. КИМ Минйонг (Кореяи Ҷанубӣ)
Занон
-48 кг
1. МУНҲБАТ Урансесег (Муғулистон)
2. ТСУНОДА Натсуми (Ҷопон)
3. НИКОЛИЧ Милиша (Сербия)
3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия)
-52 кг
1. АБЕ Ута (Ҷопон)
2. ЛХАГВАСУРЕН Сосорбарам (Муғулистон)
3. ҶЕОНГ Бокйеонг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. КОЧЕР Фабенн (Швейтсария)
-57 кг
1. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
2. ЛЕН Чен-Линг (Тайбэйи Чин)
3. ПЕРЕСИЧ Мариша (Сербия)
3. ШТОЛ Тереза (Олмон)
-63 кг
1. ТАШИРУ Мику (Ҷопон)
2. ЛЕСКИ Андрея (Словения)
3. БАРРИОС Анрикелис (Венесуэла)
3. ЛИВЕСЕЙ Ами (Британияи Кабир)
-70 кг
1. АРАИ Чизуру (Ҷопон)
2. МАТИЧ Барбара (Хорватия)
3. МАТНИЁЗОВА Гулноза (Узбекистон)
3. РОДРИГЕЗ Элвисмар (Венесуэла)
-78 кг
1. УМЕКИ Мами (Ҷопон)
2. ПРОДАН Карла (Хорватия)
3. ЛИНАР Инбар (Исроил)
3. ЛИИ Йонгюн (Кореяи Ҷанубӣ)
+78 кг
1. СОНЕ Акира (Ҷопон)
2. СУЗА Беатрис (Бразилия)
3. ЧЕЙХ РУҲУ Ниҳел (Тунис)
3. КИМ Ҳаюн (Кореяи Ҷанубӣ)
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Манобеъ: “Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд”
Манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни нави афв дар Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳе аз сиёсатмадорону мансабдорони собиқ, ки соли 2025 дар доираи парвандаи “табаддулот” зиндонӣ шудаанд, татбиқ нагардид.
Хешовандони ҳадди ақал се нафар аз ин шахсиятҳо низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар парвандаи ин афрод банди 306-и Кодекси ҷиноӣ ё талоши ғасби қудрат ҷой дорад ва ин иттиҳом шомили афв намешавад.
Пайвандони яке аз зиндониён рӯзи 24-уми июн бо шарти фош нашудани ном гуфт, "қабл аз эълони афв мақомот ба зиндон рафта, шахсони аз 55-сола болоро барои озод кардан номнавис карданд. Аксар маҳкумшудагон дар доираи парвандаи “табаддулот” низ аз 60-сола боло ҳастанд ва мунтазир буданд, ки онҳо низ раҳо хоҳанд шуд. Аммо ба сабаби ҷой доштани иттиҳоми талоши ғасби қудрат дар парвандаашон, онҳоро озод накарданд."
Дар ин миён танҳо рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова барои зан буданаш шомили қонуни афв шуд ва се сол ҳукми ӯро кам карданд.
Навор дар Инстаграм:
Гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Абдулфайз Атоӣ, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва ду афсари собиқи амният моҳи феврали соли 2025 бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” аз 8 то 27 сол зиндонӣ шуданд. Худашон ин ҳукмро беасос дониста, аз мақомот хостанд, ки онро бознигарӣ ва қарори мусодираи амволро бекор кунанд. Чизе, ки додгоҳ напазируфт ва ҳам далелашро ба ҷомеа нагуфт.
Як додраси Додгоҳи Суғдро аз мақомаш гирифтаанд
Маъруфҷон Рустамзода аз мақоми додраси Додгоҳи вилояти Суғд озод карда шудааст.
Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми июн имзо гузошт.
Дар санад гуфта шудааст, ки Рустамзода "бо хоҳиши худ" аз вазифа рафт, аммо сабаби чунин тасмимро ошкор накардаанд.
Маъруфҷон Рустамзода ҳамагӣ як сол пеш додраси Додгоҳи вилояти Суғд таъйин шуда буд. Аз он пеш дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд кор мекард.
Дар Тоҷикистон беш аз чорсад додрас кор мекунад.
Онҳо бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва биноан додрасҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки пойбанди мақомот ҳастанд.
Кумисюни Байнулмилалии Ҳуқуқшиносон низ пештар дар гузорише гуфта буд, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад.
Дар Тоҷикистон ҷазо барои дарахтбурӣ сангинтар шуд
Порлумони Тоҷикистон қонуни кайфариро дигар кард ва акнун ҷазо барои бе иҷоза буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангалҳо сангинтар мешавад.
Бар пояи навгонии қонун, ҷаримаи дарахтбурии ғайриқонунӣ аз 54 то 70 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст. То ин вақт ҳадди аксари чунин ҷарима 54 ҳазор сомонӣ буд.
Ҳамчунин ҷарима барои нобуд кардан ё зарар расондан ба бешазорон низ аз 40 ба 93 ҳазор сомонӣ боло бурда шуд.
Вакилон мегӯянд, ин тағйир аз маҳви дарахтону бешазорон пешгирӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки барои сохтани биноҳои баландошёна дар шаҳру шаҳракҳои Тоҷикистон садҳо бех дарахт нобуд карда мешавад. Ҳамчунин камбуди сӯхт дар деҳот сабаби коҳиши бешазорон мешавад.
Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон ҷаримаҳои гуногунро чанд баробар зиёд карданд, ки танқидҳоеро дар пай дошт. Сокинон борҳо гуфтаанд, ки ҷаримаҳо бояд бо назардошти маош ва шароити зиндагии мардум муайян шаванд.
Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд
Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳомиёни ҷонварон дар Тоҷикистон вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳи навзод дар ноҳияи Нуробод "сабуку нокофӣ" хонданд.
Дар наворе, ки аз 19-уми июн дар интернет мечархад, чанд наврас намоишкорона гӯши як бачаи рӯбоҳро бурида, аз ин кори худ хурсандӣ кардаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми июн гуфт, наврасону волидони онҳоро пайдо кард ва "корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд". Ба иттилои манбаъ, нисбат ба падару модарон барои "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбия санад тартиб дода шуд".
Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро маъмурони милиса ин афродро барои муносибати бераҳмона ва шиканҷаву азияти ҷонварон, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ҷазо надод.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ 22-юми июн гуфт, ҳодиса дар ноҳияи Нуробод рӯй дода, мақомот бо наврасону волидонашон "суҳбат" кардаанд. Ба навиштаи Кумита, наврасон гуфтаанд, аз қонун ва пайомади корашон огоҳ набуданд.
Алия Ҳамидуллина, ҳомии ҳуқуқи ҷонварон, мегӯяд, чораҳое мисли "суҳбату фаҳмондадиҳӣ" барои аз байн бурдани муносибати бераҳмона ва хушунатомез ба ҷонварон кофӣ нест. Ӯ рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бояд кори пайвастаи маърифатӣ ва муносибати башардӯстона бо ҷонварон ба роҳ монда шуда, барои рафтори бераҳмона ҷазои сахттар, аз ҷумла ҷазои ҷиноӣ зарур аст."
Ҳамидуллина афзуд, "пайомадҳои чунин ҳодисаҳо ба обрӯи Тоҷикистон ва бахши ҷаҳонгардии он таъсири мустақим мерасонад ва дар бисёр ҳолат, аввалин таассурот дар бораи кишвар маҳз аз рӯи муносибат ба ҷонваронашон ташаккул меёбад."
Анна Мифтахова, ҳомии дигари ҷонварон, гуфт, аз муносибати ноболиғон бо рӯбоҳи навзод ваҳшатзада шудааст. "Агар пеши роҳи чунин ҷиноятҳо гирифта нашавад, тасаввур кардан душвор аст, ки бо ин ҷомеа чӣ мешавад? Аз ин рӯ онҳоро бо шеваи сахт, масалан бо меҳнати сангин ҷазо бояд дод," – гуфт Мифтахова дар як шарҳи хаттиаш ба Радиои Озодӣ.
"Бераҳмӣ ба ҷонваре, ки гузашта аз ҳама дар Китоби Сурх ворид карда шудааст, бояд қотеона ҷазо дода шавад. Табиат ва ҷони дигаронро қадр бояд кард. Агар инсон надонад, ки ҳисси шафқату ҳамдардӣ чӣ аст, кӣ метавонад замонат диҳад, ки қурбонии баъдии ӯ як кӯдак ё зани дигаре намешавад?" -- илова кард ӯ.
Дар гузашта шиканҷаи ҷонварон, ба вижа сагу гурбаҳо дар Тоҷикистон борҳо расонаӣ шудааст. Коре, ки на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки маъмурӣ баррасӣ мешавад ва ҳадди аксар то чорсад сомонӣ ҷарима дорад.
Ба бовари баъзе аз фаъолон, ин ҷазо сабук асту таъсирбахш нест ва мавридҳои зиёди бераҳмӣ нисбат ба ҷонварон, ки дар шабакаҳо гузошта мешавад, бояд роҳро барои сахттар кардани ҷазо боз кунад.
Амрико баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон сабук кард
Иёлоти Муттаҳида бар асоси тафоҳумномаи сулҳ баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон барои ду моҳ сабук кард. Ҷей Ди Ванс, муовини раисҷумҳури Амрико, низ аз гуфтушунид бо мақомоти Эрон дар Швейтсария хушбин буд.
"Дар умум 36 соати пурмаҳсул доштем. Ба ҳамин тарз идома медиҳем. Музокираи мо таҳкурсӣ барои сохтани як Ховари Миёнаи дигар аст, аммо мо ҳанӯз хонаро насохтаем. Мо сохтмонро идома медиҳем ва ин корест, ки мо хоҳем кард,” – афзуд ӯ.
Амрико ва Эрон давоми ду моҳ барои созиши доимӣ гуфтугӯ хоҳанд кард ва сабукии муваққатӣ ба Эрон ҳақ медиҳад, ки фурӯши нафташро оғоз кунад. Поёни ҷанг дар Лубнон ва боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз бахше аз гуфтугӯ аст.
Мақомот гуфтанд, ки дар ду рӯзи охир оташбас дар Лубнон риоя шудааст.
Дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, ки ҳазорон нафар кушта шуд, оброҳаи Ҳурмуз баста гашт ва нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ боло рафт. Рӯзи душанбе нархи нафт каме арзон шуд.
Танишҳо ҳанӯз боқӣ ҳастанд. Дар мавриди барномаи ҳастаӣ Эрон ҳарфи дигар дорад, вале мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Теҳрон иҷозаи бозрасии марказҳои ҳастаиашро додааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки Эрон бояд созишро риоя кунад: "Агар Эрон ба созиш амал накунад, ман коре хоҳам кард, ки бояд бикунам."
Исроил, ки тарафи музокиракунанда нест, мегӯяд, амалиёташро дар Лубнон идома хоҳад дод.
“Дастури ман ба вазири дифоъ ва артиш дигар нашудааст. Низомиёни мо дар ҷануби Лубнон ҳақ доранд, ки ҳар гуна таҳдиди мустақим бар зидди худ ё бар зидди сокинони шимоли кишварро нобуд кунанд. Артиши Исроил дар ин маврид маҳдудияте надорад,” – гуфт Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил.
Беш аз сад нафар ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобанд
Беш аз сад нафар дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев иштирок доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як навори видеоӣ аз амалиёти ҷустуҷӯӣ гуфт, беш аз 100 наҷотбахши ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои қудратии кишвар ҷустуҷӯро идома медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо, ҷараён дорад.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.
Омори умумии кушташудагони ҷанг дар Эрон "3519" тан эълон шуд
Мақомоти Эрон шумори умумии кушташудагони ҷанги 40-рӯзаи Амрико ва Исроил бо Эронро "3519" нафар эълон карданд.
Сухангӯи Додгоҳии олии Эрон рӯзи 22 июн гуфт, ин рақам бар пояи омори тиббӣ аст ва аз ин шумор 3002 нафари онҳо мард ва 517 тан зан буданд.
Тибби қонунии Эрон пештар дар нахустин рӯзҳои пас аз барқарории оташбас, шумори кушташудагони ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба Эронро 3375 нафар эълон карда буд.
Додгоҳи олии Эрон дар изҳороти ахираш гуфт, "афроде ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо душман таҳти таъқиб қарор гирифтанд", ки "44 дарсади онҳо ҳанӯз дар боздошти муваққатӣ ҳастанд".
Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ аз замони нахустин ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар моҳи июни соли гузашта, садҳо нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми "ҷосусӣ" ва "иқдом алайҳи амнияти миллӣ", эъдом кардаанд.
Писараш гуфт, Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон озод шудааст
Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" маъруф асту пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ танқид мекунад, аз зиндони занона дар шаҳри Норак озод шудааст.
Ӯ моҳи феврали соли 2022 дастгир ва дертар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва ақидаи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд. Чизе, ки наздиконаш инкор карданд.
Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш пас аз чаҳор солу панҷ моҳи боздошту ҳабс бар асоси қонуни нави афв озод шудааст.
"Модарамро як рӯз пеш раҳо кардаанд. Аз ин хабар хушҳол шудам. Ӯ 49-сола аст. Ҳангоми дар маҳбас буданаш аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва шароити дурусти табобаташ набуд. Акнун табобаташ хоҳем кард," – гуфт Шерзод Маҳмадҷонов ба Радиои Озодӣ.
Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо худи Шоҳида Маҳмадҷонова то ин дам натиҷа надод. Мақомот низ дар бораи раҳоии ӯ гузориш надоданд.
Навор дар Инстаграм:
Ба зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2022 танқидҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён оварда буд. Иддае навиштанд, ки мақомот ӯро барои танқидҳои писараш ҷазо доданд.
Қонуни нави афв рӯзи 16-уми июн дар пайванд ба 35-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд. Ин санад нисбат ба 18 ҳазор нафар татбиқ хоҳад шуд. Муҳлати ҳабси теъдоде кам шуда, бархеи дигар аз боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон пупра озод ё парвандааш қатъ хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар, аз ҷумла зиёда аз 500 зан дар зиндон ҳастанд. Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомотро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.
"Аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шуд." Ҳамла ба як муҳоҷири тоҷик дар Русия
Як марди ниқобпӯш дар шаҳри Подолски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона латукӯб карда ва бинии ӯро буридааст.
Иброҳимхон Ҳусейнови 21-сола аз Душанбе, ки дар як корхонаи халтабарорӣ дар Русия кор мекард, айни замон дар шифохона муолиҷа мегирад.
Яке аз наздикони Ҳусейнов ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди ниқобпӯш шаби 20 ба 21-уми июн дар шаҳри Подолск ҳангоми бозгашт аз хонаи хоҳараш ногаҳонӣ ба ӯ дарафтодааст. Дар натиҷаи ин ҳамла муҳоҷири кории тоҷик аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шудааст.
"Ёрии таъҷилӣ омад ва ӯро ба шифохонаи марказии Подолск бурд. Пизишкон гуфтанд, ки хуни зиёд рафтааст. Полис ҳам омаду пурсишҳои аввалияро барпо кард. Маълум нест, ки то куҷо ин ҳамла ангезаҳои нажодпарастона дошт, чун ҳамлавар ҳеч ҳарфе ба забон наовард," – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми июн.
Сабабҳои ҳамла маълум нест. Худи Иброҳимхон Ҳусейнов ба полис гуфтааст, ҳамлаварро намешиносад, чун чеҳрааш пинҳон буд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Иброҳимхон Ҳусейнов чанд сол боз қонунӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунад.
Мақомоти Русия солҳои охир ва бавижа баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус" муҳоҷирони кориро сабаби мушкилоту бадбахтиҳои ин кишвар номида, сабаби афзоиши бегонаситезӣ ва аз ҷумла афзудани ҳамла ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шудаанд.
Ҳоло як нигаронии наздикони Иброҳимхон Ҳусейнов ин аст, ки оё ҳодиса беғаразона ва ҳамаҷониба таҳқиқ хоҳад шуд ё не.
Нахуствазири Бритониё аз мақомаш истеъфо дод
Кир Стармер, нахуствазири Британия эълон кард, ки аз мақомаш канорагирӣ мекунад, аммо то интихоби сарвазири нав аз сӯи Ҳизби коргар, корашро давом медиҳад.
Стармер 22-юми июн дар муроҷиате гуфт, бо подшоҳи Бритониё дар бораи истеъфо суҳбат кардааст ва тамоми талошашро "барои интиқоли муназзам"-и қудрат анҷом хоҳад дод.
Ба гуфтаи нахуствазири Бритониё, раванди интихоби раҳбари нави Ҳизби коргар дар моҳи июл оғоз мешавад ва дар моҳи сентябр номи сарвазири нав маълум хоҳад шуд.
Пештар расонаҳо гузориш доданд, ки Ивет Купер, вазири корҳои хориҷӣ ва беш аз 100 намояндаи маҷлиси Бритониё хоҳони истеъфои Кир Стармер шудаанд.
Шаҳрдори Манчестер Энди Бёрнем, ки ахиран дар интихобот барои курсии холишудаи маҷлис пирӯз шуд, аз номзадҳои аслӣ барои курсии нахуствазирии Бритониё гуфта мешавад.
Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст
Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.
Номи Сафарзода зери қароре дар бораи "даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят" ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ ёфтааст.
Ин қарорро "Рӯзномаи Бадахшон" рӯзи 19-уми июн нашр кард.
Як масъули ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 22-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Шарифхон Сафарзода тибқи қонун то таъйин шудани раиси нави вилоят вазифаҳои ӯро иҷро мекунад.
Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.
Навор дар Инстаграм:
Мошини Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо зану як кӯдакаш ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод, вале то ҳол пайкари ғарқшудагон ва ҳам мошин дарёфт нашудаанд. Ҳукумати Тоҷикстон дар номае навишт, ки Алишер Мирзонабот ба ҳалокат расидааст.
Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.
Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.
Занозанӣ миёни мухлисони дастаҳои "Ҳосилот" ва "Равшан"
Рӯзи 20-уми июн баъди анҷоми бозии дастаҳои "Ҳосилот"-и Фархор ва "Равшан"-и Кӯлоб миёни мухлисони ду даста занозанӣ рух додааст.
Бозии ду тим дар ноҳияи Фархор баргузор шуд ва бо пирӯзии тими "Равшан" тамом шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баъди анҷоми бозӣ мухлисон ба ҳам дарафтода, ба сӯи якдигар сангпартоӣ мекунанд. Дар видеои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шишаҳои шикастаи як автобус ҳам дида мешавад.
Сабаби сар задани ин ҷанҷол маълум нест ва пулиси Хатлон ҳам дар ин бора шарҳе надодааст.
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон 22-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи тартибу интизоми федератсия ин қазияро омӯхта, қарори лозимро қабул мекунанд.
Дар Федератсияи футбол гуфтанд, бозии дастаҳои "Равшан" ва "Ҳосилот" дар доираи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон анҷом шуд.
Занозании мухлисони футбол дар Тоҷикистон пештар ҳам рух дода буд ва барои ин кор ҳам дастаҳо ва ҳам мухлисонро ҷазо додаанд.
Нопадид шудани 18 нафар дар таркиши як иншооти газӣ дар Қатар
Вазорати корҳои дохилии Қатар рӯзи 22 июн хабар дод, ки дар пайи таркиш дар минтақаи саноатии Раъс Лаффон 52 нафар захмӣ шудаанд ва 18 нафар ҳамчунон нопадид ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомҳои қатарӣ, ин ҳодиса шоми якшанбе бар асари як "нуқси фаннӣ" рух додааст ва боиси таркиш ва сӯхтор дар иншооти таъмини гази маҳалии "Барзон" шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", шӯълаи оташ аз дурии ҳудуди 20 километр қобили мушоҳида буд. Раъс Лаффон маҳали калонтарин маркази тавлиди гази моеи ҷаҳон ба шумор меравад.
Ширкати давлатии "Қатар энержӣ" эълон кард, ки таҳқиқот дар бораи сабабҳои дақиқи сар задани ҳодиса идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Қатар низ аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани 18 фарди нопадидшуда хабар дод.
Минтақаи Раъс Лаффон пештар низ дар ҷараёни ҷанг миёни Амрико ва Эрон осеб дида буд ва ҳамлаҳои паҳбодии Эрон ба зерсохтҳои энержии Қатар боиси қатъи тавлиди гази моеъ дар ин кишвар шуда буд.
Поёни даври аввали музокироти Амрико ва Эрон
Расонаҳои Эрон ва хабаргузории Ройтерз аз поёни даври аввали музокироти Амрико ва Эрон дар Швейтсария хабар доданд.
Ин гуфтугӯ 21-уми июн бо миёнаравии Покистон ва Қатар баргузор шуд.
Хабаргузориҳои эронии Форс ва ИРНА аз тамом шудани аввалин нишасти чаҳорҷониба хабар доданд. Хабаргузории Ройтерз низ ба нақл аз як манбаи эронии наздик ба музокира айни хабарро пахш кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, даври аввали нишаст "пас аз 80 дақиқа ва барои гузарондани машваратҳои дохилӣ мутаваққиф шуд".
Як дипломат ба шабакаи хабарии CNN гуфт, ки гуфтугӯҳои рӯзи якшанбe бар ҷанг дар Лубнон, вазъияти тангаи Ҳурмуз ва захираи ураниуми Эрон тамаркуз дорад.
Ҳайати амрикоиро муовини президенти ин кишвар Ҷей Ди Ванс ва ҳайати эрониро раиси порлумони он кишвар Муҳаммад Боқир Қолибоф роҳбарӣ мекунанд.
Ванс пеш аз оғози музокирот гуфт, ин як нишасти таърихӣ аст ва Амрико омода аст, ки равобит бо Эронро ба шакли бунёдӣ дигар кунад.
Расонаҳо: Нахуствазири Бритониё аз мақомаш истеъфо медиҳад
Ба гузориши чанд расонаи Бритониё, нахуствазири ин кишвар Кир Стармер эҳтимол рӯзи душанбеи 22-юми июн истеъфои худро эълон мекунад.
Нашрияи Observer бо такя ба манобеи худ навишт, фишор болои Стармер аз ҷониби раҳбарияти Ҳизби коргар, аз ҷумла бархе аз аъзои кобинаи худи ӯ бештар шудааст.
Ҳамзамон теъдоди вакилоне, ки аз номзадии шаҳрдори Манчестер Энди Бёрнем барои раҳбарии Ҳизби коргар ва курсии нахуствазирӣ ҷонибдорӣ мекунанд, бештар шудааст.
То ҳол на худи Кир Стармер ва на дафтари сарвазир дар бораи эҳтимоли истеъфои ӯ чизе нагуфтаанд.
Дар айни замон ба навиштаи расонаҳо, Стармер рӯзи душанбе аз мақомаш фавран канор намеравад ва эҳтимол то таъйини сарвазири нав корашро давом медиҳад.
Ҳанӯз маълум нест, ки Энди Бёрнем барои роҳбарии Ҳизби коргар ва нахуствазирии Бритониё то куҷо дастгирии лозимро дорад.
Рӯзи 18-уми июн Бёрнем дар интихоботи миёндаврӣ барои курсии холишудаи порлумони Бритониё бо бартарии комил пирӯз шуд.
Бар асоси назарсанҷиҳо, маҳбубияти Энди Бёрнем аз сарвазири кунунӣ Кир Стармер бамаротиб бештар аст.
Ҳизби коргар ду сол пеш дар интихоботи порлумонии Бритониё пирӯз шуд. Аммо дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ ва афзоиши танишҳо вобаста ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, обрӯи ҳизб ба таври назаррас коҳиш ёфт.