Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков дар аввалин рақобаташ дар Тошканд шикаст хӯрд


Cомон Маҳмадбеков
Cомон Маҳмадбеков

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2021”, ки дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон ҷараён дорад, дар рӯзи дувуми рақобатҳо - 6-уми март - чаҳор нафар варзишгарони тоҷик қувваозмоӣ карда, ноком шуданд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Евгений Прокопчук (Русия) шикаст хӯрд. Гуштигири ҷавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Георгий Шерзадашвили (Гурҷистон) ғолиб омад. Ӯ дар даври баъдӣ Марсел Серсеаро аз Руминия мағлуб кард. Вале Ҳақназар дар даври севум қувваозмоиро ба рақиби пуртаҷрибаву номдораш, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015 Таканори Нагасе аз Ҷопон бохт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз Дидор Ҳамза (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Дар сабқати занон ягона намояндаи Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова - дар вазни то 63 кило, ки рақобатро аз даври дувум шуруъ кард, аз Ҳи Ҷу Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки 5-уми март доир шуд, аз байни чаҳор варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров натиҷаи хубтар нишон дод ва дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро касб кард.

Ӯ ба сабқат аз даври дувум шуруъ кард ва нахуст бар Янислав Герчев (Булғористон) пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Артём Колосовро аз Беларус шикаст дод. Сипас аз Каромат Ҳусейнов (Озарбойҷон) мағлуб гашт. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвили (Гурҷистон) дастболо шуд.

Шаҳбоз барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Комрон Нуриллоев аз Узбекистон рақобат кард. Довар дар ҷараёни 7 дақиқаю 35 сония ба паҳлавони тоҷик се “шидо” дод ва рақибаш ғолиб дониста шуд.

Рӯзи ҷумъаи 5-уми март се паҳлавони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуд. Абумуслим Қаюмзода қувваозмоиро дар вазни то 60 кило ба Солиҳ Йилдиз (Туркия) бохт. Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило аз Дмитрий Минков (Беларус) мағлуб шуд. Дар ин вазн намояндаи дигари Тоҷикистон

Баҳром Сӯфиев аз Натон Бурнс (Ирландия) шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” ҳудуди 500 варзишгар аз 71 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар (13 мард ва як зан) шомил аст. Ҳамин тариқ, дар ду рӯзи мусобиқа ҳашт нафар рақобатҳои худро ба анҷом расониданд. Шаш гуштигири дигари тоҷик рӯзи якшанбеи 7-уми март дар вазнҳои сангин ба рақобат мепардозанд, ки дар байни онҳо паҳлавонони номдор – Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов ва Саидҷалол Саидов – ҳастанд.

Тақвими рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа:

7-уми март (якшанбе). Рӯзи севум (шуруъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-90 кг. Даври 2-юм. Комроншоҳи Устопириён - ғолиби ҷуфти Лорензо Ригано (Италия) - Аслан Сагитбек (Қазоқистон)

-90 кг. Даври 1-ум. Амирҷони Насимҷон - Теодорос Тселидис (Юнон)

-100 кг. Даври 1-ум. Саидҷалол Саидов- Матиас Мадсен (Дания)

-100 кг. Даври 2-юм. Мансур Раҳмон - Рамазон Дарвеш (Миср)

+100 кг. Даври 1-ум. Темур Раҳимов – Ричард Сипотс (Маҷористон)

+100 кг. Даври 1-ум. Шакармамад Мирмамадов - Еней Маринич (Словения)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG