Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари варзишгарони тоҷик ба Узбекистон барои ширкат дар "Tashkent Grand Slam 2021"


Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик (аз рост)
Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик (аз рост)

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tashkent Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии "Ҳумо Арена"-и пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 14 варзишгар (13 мард ва як зан) намояндагӣ хоҳад кард.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tashkent Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии "Ҳумо Арена"-и пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 14 варзишгар (13 мард ва як зан) намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то имрӯз, 4-уми март, иштироки 497 варзишгар (296 мард ва 201 зан) аз 71 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон 13 варзишгар – Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кило), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (ҳарду дар вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон (ҳарду дар вазни то 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон бошад, танҳо як нафар аз Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова (то 63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2021” севумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Дар ҳоле ки варзишгарони дунё барои иштирок дар "Tashkent Grand Slam 2021" ба пойтахти Узбекистон меоянд, мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 лағв шуд.

Бар асоси тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ин мусобиқаи пурнуфуз мебоист рӯзҳои 8-9-уми май дар пойтахти Фаронса - Порис баргузор мешуд, вале ба иллати сари вақт пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зарурии кумитаи тадорукоти Федератсияи ҷудои Фаронса ба IJF ин ниҳоди танзимкунандаи мусобиқаҳо ҳуқуқи доир кардани Grand Slam 2021-ро ба шаҳри Қазони Русия (5-7-уми май) дод.

XS
SM
MD
LG