Аз 9-ум то 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) баргузор мешавад. Ин мусобиқа, ки бори севум доир мегардад, бо мақсади омодагии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ба мавсими нави футбол сурат мегирад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ барпо мегардад, нӯҳ бошгоҳи лигаи олӣ – “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳар ду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайати ҷавонони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ширкат меварзанд.
Ҳамаи хароҷоти бошгоҳҳои футбол дар ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футбол ва Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт мешавад.
Дар доираи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ЛФТ бошгоҳҳои лигаи олӣ имкон доранд, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронанд.
ЛФТ ҳамчунин баргузории як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла семинар барои футболбозону мураббиён, роҳбарону табибони дастаҳоро ба нақша гирифтааст.
Бояд гуфт, ки мусобиқа барои Ҷоми ЛФТ аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи ҷом дастаи ССКА-и Душанбе мебошад. Соли гузашта Ҷоми ЛФТ насиби дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан шуда буд.
Охир ӯ Роҳбари давлат аст, бо кадом транспорт хоҳад меравад. Бо кадом роҳ рафтани Президент ба масъалаи Ворух ягон дахл надорад.
Навбат ба ҳама расида истодааст. Оқибаташ ба хайр бошад.
Shahrzoda bo omadani shab baroi tamoshoi seriai nav taer hast. Chi meshuda boshad?
Дар руи хавлият Мон!
..дар тоҷикистон ягон қонун амал намекунад .хешу табор пул аз қонун болост