Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "F" тасдиқ кард, ки дар он ноиби қаҳрамони кишвар - бошгоҳи футболи "Хуҷанд" иштирок хоҳад кард.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F” рақибони Хуҷанд бошгоҳҳои АГМК ё “Насаф” (Узбекистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) хоҳанд буд. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шакли мутамарказ аз 14-ум то 20-уми май дар як давра баргузор мешавад.
Мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "E" аз 14-ум то 20-уми май дар Бишкек доир мегардад, ки дар он барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон - "Равшан"-и Кӯлоб бо қаҳрамони Қирғизистон - "Дордой" ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" рақобат хоҳад кард.
Ғолибони марҳилаи гурӯҳии Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, ҳанарнамоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки агар бошгоҳи AГМК ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 роҳ ёбад, Узбекистонро дар Ҷоми AFC-2021 дастаи “Насаф”-и Қаршӣ намояндагӣ мекунад. Агар AГМК натавонад ба даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё роҳ ёбад, онгоҳ дар Ҷоми AFC-2021 ширкат меварзад.
Ҷоми AFC-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи "E"
Макон - Бишкек, Қирғизистон
"Равшан" (Тоҷикистон)
"Дордой" (Қирғизистон)
"Аҳал" (Туркманистон)
Даври 1-ум
14 май (ҷумъа)
"Аҳал" (Туркманистон) - "Равшан" (Тоҷикистон)
Даври 2-юм
17 май (душанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
"Равшан" (Тоҷикистон) - "Дордой" (Қирғизистон)
Гурӯҳи "F"
Макон - Душанбе, Тоҷикистон
АГМК ё "Насаф" (Узбекистон)
"Олтин Асир" (Туркманистон)
"Хуҷанд" (Тоҷикистон)
"Олой" (Қирғизистон)
Даври 1-ум
14 май (ҷумъа)
АГМК ё "Насаф" (Узбекистон) - "Олой" (Қирғизистон)
"Олтин Асир" (Туркманистон) - "Хуҷанд" (Тоҷикистон)
Даври 2-юм
17 май (Душанбе)
"Олой" (Қирғизистон) - "Олтин Асир" (Туркманистон)
"Хуҷанд" (Тоҷикистон) - АГМК ё "Насаф" (Узбекистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
АГМК ё "Насаф" (Узбекистон) - "Олтин Асир" (Туркманистон)
"Хуҷанд" (Тоҷикистон) - "Олой" (Қирғизистон)