Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия вазъияти бадеро дар замони пандемия таҷриба мекунад


Марзи Олмону Ҷумҳурии Чех
Марзи Олмону Ҷумҳурии Чех

Ҷумҳурии Чех вазъияти бадтаринро дар ҷараёни пандемияи коронавирус таҷриба мекунад. Аз тақрибан 11 миллион аҳолии ин кишвари аврупоӣ то кунун беш аз як миллиону дусад ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 20 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳо аз "сабук" шудани вазъи вобаста ба коронавируси нав хабар медиҳанд, дар Чехия маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ мешавад. Яке аз муқаррароти нав ин аст, ки сокинон бояд ду ниқоби тиббиро рӯйи ҳам бипӯшанд ва ё аз ниқобҳои вижа, ки қудрати муҳофизаташ бештар аст, истифода кунанд.

Муқаррароти манъи гаштугузор низ аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ аз соати 9-и шаб то 5-и субҳ давом мекунад. Ба истиснои фурӯшгоҳҳои маводи ғизоиву ҷиҳози кӯдакон ва дорухонаҳо фурӯшгоҳҳои дигар ва мактабу баъзе аз коргоҳҳо бастаанд.

Зоҳиран маҳдудиятҳои шадид то ҳанӯз натавонистаанд, ҷилави густариши коронавирусро дар Ҷумҳурии Чех бигиранд. Рӯзона гирифтории аз 10 то 15 ҳазор тан ба ин вирус тасдиқ мешавад.

Паҳншавии намуди нави коронавирус корро дар Чехия мушкилтар карда, зарфияти шифохонаҳо ба ҳадди ниҳоӣ расидааст. Акнун аз Олмону Австрия кумак хоста шудааст, то барои муолиҷаи беморони COVID-19 ҳамкорӣ кунанд.

Андрей Бабиш, сарвазири Чехия, гуфт, рӯзҳои душворе дар пеши рӯй аст. Вай афзуд, "мехоҳам, такрор кунам, ки ҳеч хабари хуше надорам, аммо ниёз аст, то маҳдудиятҳо идома ёбанд. Дар ғайри он фоҷиа дар шифохонаҳои мо ба бор хоҳад омад. Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки вазъиятро дарк кунанд, зеро ҳеч гоҳе чунин вазъиятро таҷриба накарда будем."

Гуруҳе аз сокинон мухолифи маҳдудиятҳо ҳастанд
Гуруҳе аз сокинон мухолифи маҳдудиятҳо ҳастанд

Дар ҳоли ҳозир Олмону Лаҳистон, Австрия ва Словакия ба ҷуз аз мавридҳои истисноӣ иҷозаи равуоро аз (ба) Чехия намедиҳанд.

Бо оғози татбиқи ваксинаи зидди коронавирус дар моҳи декабри соли гузашта, умедвориҳо дар Чехия зиёд буд, ки шояд аз мавридҳои сирояти беморӣ ҷилавгирӣ шавад, аммо гуфта мешавад, ваксинзанӣ дар ин кишвар ба кундӣ пеш меравад. То кунун фақат 624 ҳазор дона ваксина татбиқ шуда, ки дар муқоиса бо аҳолии Ҷумҳурии Чех ва шумори мубталоён хеле андак ва ночиз будааст.

Бемории ҳамагир, ки дар охири соли 2019 кашф шуд, то кунун ба беш аз 114 миллион кас дар ҷаҳон сироят карда, боис ба марги зиёда аз дуним миллион нафар шудааст. Кишварҳо мегӯянд, беш аз 83 миллион тан шифо ёфтанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои сирояти беморӣ гузориш медиҳад, ҳарчанд дар кишвар шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беморӣ ба беш аз 13 ҳазор кас сироят карда, 90 нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG