Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳоло иштироки 525 варзишгар (309 мард ва 216 зан) аз 76 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон ҳафт варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон бошад, ду нафар аз Тоҷикистон – Аҳлия Муъминова (то 52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (то 63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Рӯзи аввали мусобиқа – 5-уми март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дувум – 6-уми март - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7-уми март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.
Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2021” севумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз миёни се варзишгари тоҷик натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов ба даст овард.
Ин паҳлавони 23-солаи тоҷик дар вазни сангинтарин (+100 кг) аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш бар намояндагони Австрия, Исроил ва Кореяи Ҳанубӣ пирӯз шуда, дутоашро ба гуштигирони Русия ва Украина бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Темур Раҳимов, инчунин дар мусобиқаи ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар пойтахти Исроил – Тел-Авив – баргузор шуд, аз байни шаш варзишгари тоҷик натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Қазоқистон ва Австрия ғолиб омада, дутоашро ба намояндагони Гурҷистону Ҳолланд бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Агар ин фочеьа дар дехаи Равад бошад ,яке аз шахси боздошташударо тагояш дар Душанбе тако дав дошт ки халос кунад, яъне одамкуш бегунох барояд
Кахрамонзанхо дар мардикорбозори занхо. Инхо хамаш кахрамони дуругин ва ба таьрифи пешво машгуланд. Э гум ша.......
Хамин Буриннисо Бердиева набуд ки дар яке аз майдонхо суханрони намуда гуфта буд:Наход модари чануби тули хафтод сол як рохбар назояд?...Яьне адоват ба як кишри чомиа ва пошидани тухми фитна байни миллат.Пас чи гуна чоизае ба номи у ва уро кахрамон номид.Е ман шояд иштибох мекунам?
Ҳама рӯз ва ҳама вақт ба зану модару хоҳару духтар таваҷҷӯҳ кардан лозим на фақат дар 8 март!
Ruz e zan raa be hame ye zanaan e Taajik Tabrik mi guyam. az iraan