Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии дастаи ҷудои Тоҷикистон: "Ҳадафи мо касби имтиёзҳои олимпист”  


Мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи "Тоскӯлоҳи бузург" (Tel Aviv Grand Slam 2021”), ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар пойтахти Исроил – Тел-Авив – баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Фаронса ба анҷом расид.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 418 варзишгар (244 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дошт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби се нишони тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ (бо дарназардошти сифати медалҳо ҳам дар сабқати мардон ва ҳам дар сабқати занон) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Гурҷистон бо касби ду медали тилло, як нуқра ва панҷ биринҷӣ ҷойи дувум ва мунтахаби Исроил бо касби як нишони тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ҷойи севумро ишғол карданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург” дар Тел-Авив шаш варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Темур Раҳимов натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Қазоқистон ва Австрия ғолиб омада, дутоашро ба намояндагони Гурҷистону Ҳолланд бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кило) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кило) дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург” дар Тел-Авив ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда шуд.

Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио шуданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода шуд. Паҳлавонони тоҷик низ мувофиқи натиҷаҳои нишондодаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гардиданд.

"Мақсади мо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба даст овардани имтиёзҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио мебошад. Бинобар ин, паҳлавонони мо кӯшиш мекунанд, ки дар чунин мусобиқаҳо иштирок карда, имтиёзҳо бигиранд ва мавқеашонро дар рейтинги ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд", - гуфт сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба Радиои Озодӣ.

Бояд гуфт, ки варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Зимнан, “Tel Aviv Grand Slam 2021” ин дувумин мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон ба шумор мерафт. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов - иштирок карданд.

Аз байни онҳо натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов ба даст овард. Ӯ дар вазни сангинтарин (+100 кг) аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб гашт.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи ҷудо "Tel Aviv Grand Slam 2021":

Мардон


-60 кг
1. МАММАДСОЙ Довуд (Озарбойҷон)
2. НОЗАДЗЕ Темур (Гурҷистон)
3. АБДУЛЛОЕВ Рамазон (Русия)
3. ҚИРҒИЗБОЕВ Гусман (Қазоқистон)

-66 кг
1. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
2. МИНКОУ Дмитрий (Беларус)
3. НУРИЛЛОЕВ Сардор (Узбекистон)
3. ТИЛАВОВ Муҳриддин (Узбекистон)

-73 кг
1. РАИКУ Александру (Руминия)
2. ЭСПОСИТО Ҷованни (Италия)
3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ТАТАЛАШВИЛИ Нугзари (Гурҷистон)

-81 кг
1. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбекистон)
2. МОЛЛАӢ Сайид (Муғулистон)
3. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)
3. ЛАППИНАГОВ Аслан (Русия)

-90 кг
1. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон)
2. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николос (Испания)
3. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)

-100 кг
1. КОРРЕЛ Михаил (Ҳолланд)
2. ПАЛТЧИК Петер (Исроил)
3. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
3. СУЛАМАНИДЗЕ Иля (Гурҷистон)

+100 кг
1. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)
2. БАШАЕВ Тамерлан (Русия)
3. СПИЙКЕРС Юр (Ҳолланд)
3. ТУШИШВИЛИ Гурман (Гурҷистон)

Занон

-48 кг
1. БУКЛИ Ширин (Фаронса)
2. БИЛОДИД Даря (Украина)
3. ФИГУЕРОА Ҷулия (Испания)
3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия)

-52 кг
1. ҶИЛЕС Челси (Британияи Кабир)
2. КОНЕН Ҷили (Исроил)
3. КЕЛМНДИ Маҷлинда (Косово)
3. ПУПП Пека (Маҷористон)

-57 кг
1. НЕЛСОН ЛЕВИ Тимна (Исроил)
2. СИСИК Сара Леони (Фаронса)
3. КАРАКАС Ҳэдвиг (Маҷористон)
3. ЛЕПАРТЕЛИАНИ Этери (Гурҷистон)

-63 кг
1. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)
2. ЛЕСКИ Андре (Словения)
3. КРССАКОВА Магдалена (Австрия)
3. ВЕРМЕЕР Санни (Ҳолланд)

-70 кг
1. ПИНОТ Марго (Фаронса)
2. БУТКЕРЕЙТ Мирям (Олмон)
3. ГАИ Мари Ева (Фаронса)
3. ВАН ДИЙК Санни (Ҳолланд)

-78 кг
1. ВАГНЕР Анна Мария (Олмон)
2. ПОСВИТ Фанни Эстел (Фаронса)
3. ПРОДАН Кариа (Хорватия)
3. ВЕРКЕРК Маринд (Ҳолланд)

+78 кг
1. ДИКО Романи (Руминия)
2. НУНЕС Рокел (Португалия)
3. АЛСЕМАН Мариа Суелен (Бразилия)
3. СЛУТСКАЯ Марина (Беларус)

XS
SM
MD
LG