Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки дар пойтахти Исроил – Тел-Авив ҷараён дорад, се паҳлавони тоҷик ноком шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 421 варзишгар (247 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дорад.
Рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми феврал – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир гардид. Тоҷикистон дар ин вазнҳо намоянда надошт.
Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми феврал - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат доранд.
Нахуст Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар аввалин рақобати худ аз Александр Виежерзаки олмонӣ дар зарфи ду дақиқаю 9 сония шикаст хӯрд.
Баъдан Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило бо варзишгари узбек Ҷалолиддин Бойназаров рақобат кард. Қувваозмоӣ дар муддати 7 дақиқаю 10 сония бо пирӯзии паҳлавони ҷавони узбек бо баҳогузории ваза-ари хотима ёфт.
Сипас Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ба сабқат аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ бар рақибаш Адам Стодолски аз Лаҳистон дар муддати як дақиқаю 57 сония бо баҳогузории иппон ғолиб омад. Вале Сомон дар даври севум аз Вадим Шока аз Беларус мағлуб гашт. Вадим дар тули 4 дақиқа бо баҳогузории ваза-ари пирӯз шуд.
Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021” дар Исроил 20-уми феврал бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон сангин ба поён мерасад.
Дар рӯзи охирини мусобиқа се гуштигири дигари тоҷик вориди сабқат мешаванд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо Юто Галаррето Виллар аз Перу, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо Ерассил Кажибоев аз Қазоқистон ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни сангинтарин бо Наор Итаҳ аз Исроил қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад.
Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Худованд ба падару модари азиз сабри чамил дихад, чойи мархумро Чаннат гардонад. Ба ин кор муаллимонро гунахкор хисобидан танхо аблахист. Гунахкори асосиро бояд тибки конун чазо дихем. Ба чойи салла калла оварданро як суй бояд гузорем. Конун дар тамоми дунё волоият дорад. Дигаронро, яъне шахсони бегунохро (муаллимону падару модару хамсоягон ва гайраро) гунахкор кардан ба фоидаи чинояткорону кормандони макомоти хифзи хукук аст!!!
Сиесати пешгирифтаи давлати Точикистон нодуруст аст ,ин корхо исбот ,хама медонад ки Точикистон аз як шахрвандаш дифоъ накардаст масалан Каромат Шарипов барин одамхо ,баракс тавонову шеронро ба хок яксон карданд ,кариб мухофиз намонд ,ки гунахкор аст ,сустии мо ба хама айен аст, фикр мекунам аз ин бадтар нашавад
Хизмат мерафтаги бояд 28 хазор маош гирад гайр аз хурока бад ин кор дуруст ,интавр рохи гурезро хама пеш мегирад ,ба чои вай шахс, шахси дигар чавоб гу нест .
Точикистон давлати демократист, бояд Хукумат дар дасти АКСАРИТ ( яъне халк) бошад аммо мутаъсифона руз то руз Хукумат ва Кудрат дар дасти АКАЛИЯТ (яъне ашхоси хурде ки хокимиятро ба зури ба даст гирифтаанд)...хело чои таасуфаст ва ояндаи халки точик зери аломати ? Мемонад бо ин режим ва сиёсати хозира...
Шармам меояд худро дар ҷойе Тоҷик муаррифӣ кунам. Дар ҳама сархати расонаҳо , Аз ҳама давлати қашоқ , Ҳокимияти Диктотури , Иқтисодӣ заифу фасод дар ҳар бахши давлатдори, ва Муҳоҷират.