Гурӯҳи кории Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) оид ба бокс тасмим гирифт, мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳониро, ки бояд моҳи июни имсол дар Пориси Фаронса доир мегардид, расман лағв кунад.
Ба иттилои сомонаи расмии КБО, ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ин огоҳиномаро гирифтанд. "Мо аҳамияти нигоҳ доштани давраи ҳадди аққали 30-рӯзаро дар байни рӯйдодҳои пай дар пай - сабқати интихобии қитъавӣ ва ҷаҳонии ниҳоӣ - нигоҳ доштем. Хусусан бо назардошти вазъи мавҷуда. Мо инчунин бояд муҳити одилона ва бехатарро барои муштзанҳои тамоми минтақаҳо таъмин кунем, аз ҷумла имконият ба барқароршавӣ ва омодагӣ ба ҳамаи чорабиниҳо. Мо инчунин ба назар гирифтем, ки вазъ дар бисёр кишварҳо бар асоси шароити рушди пандемия тағйир меёбад. Ин аз тасмими мо вобаста аст ", - гуфта мешавад дар паём.
Ҳамин тариқ, мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ дар Порис моҳи июни соли 2021 баргузор нахоҳад шуд. 53 литсензия (32-то барои мардон ва 21-то барои занон), ки мувофиқи нақша дар финал тақсим мешуд, ҳамакнун байни чор минтақа (Африқо, Амрико, Осиё / Уқёнус ва Аврупо) ва ҳамаи вазнҳои олимпӣ баробар дода мешавад.
То имрӯз, мусобиқоти интихобии қитъавӣ дар Осиё / Уқёнус, Африқо баргузор шудааст. Мусобиқоти интихобӣ дар қораи Амрико рӯзҳои 10-16-уми май ва дар қораи Аврупо моҳи июн дар назар аст. Санаи дақиқи мусобиқа дар Аврупо ба наздикӣ эълон хоҳад шуд.
Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс эълон кард, ки тағйирот дар системи интихобӣ имконияти баробари дарёфти роҳхатҳои олимпиро барои варзишгарони ҳамаи қитъаҳо муҳайё месозад.
Ёдовар мешавем, ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило – дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Аммони Урдун доир гардид, ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтанд.
Олимпиадаи Токио-2020 ба далели пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтод ва аз 23-юми июл то 9-уми августи соли 2021 доир мешавад.
Худованд ба падару модари азиз сабри чамил дихад, чойи мархумро Чаннат гардонад. Ба ин кор муаллимонро гунахкор хисобидан танхо аблахист. Гунахкори асосиро бояд тибки конун чазо дихем. Ба чойи салла калла оварданро як суй бояд гузорем. Конун дар тамоми дунё волоият дорад. Дигаронро, яъне шахсони бегунохро (муаллимону падару модару хамсоягон ва гайраро) гунахкор кардан ба фоидаи чинояткорону кормандони макомоти хифзи хукук аст!!!
Сиесати пешгирифтаи давлати Точикистон нодуруст аст ,ин корхо исбот ,хама медонад ки Точикистон аз як шахрвандаш дифоъ накардаст масалан Каромат Шарипов барин одамхо ,баракс тавонову шеронро ба хок яксон карданд ,кариб мухофиз намонд ,ки гунахкор аст ,сустии мо ба хама айен аст, фикр мекунам аз ин бадтар нашавад
Хизмат мерафтаги бояд 28 хазор маош гирад гайр аз хурока бад ин кор дуруст ,интавр рохи гурезро хама пеш мегирад ,ба чои вай шахс, шахси дигар чавоб гу нест .
Точикистон давлати демократист, бояд Хукумат дар дасти АКСАРИТ ( яъне халк) бошад аммо мутаъсифона руз то руз Хукумат ва Кудрат дар дасти АКАЛИЯТ (яъне ашхоси хурде ки хокимиятро ба зури ба даст гирифтаанд)...хело чои таасуфаст ва ояндаи халки точик зери аломати ? Мемонад бо ин режим ва сиёсати хозира...
Шармам меояд худро дар ҷойе Тоҷик муаррифӣ кунам. Дар ҳама сархати расонаҳо , Аз ҳама давлати қашоқ , Ҳокимияти Диктотури , Иқтисодӣ заифу фасод дар ҳар бахши давлатдори, ва Муҳоҷират.