Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор варзишгари тоҷик ба бистгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дохил шуд


Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW - United World Wrestling) чаҳор узви дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бистгонаи беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон дар вазнҳои худ шомил кард. Феҳристи нав дар вебсайти ин ташкилот нашр шудааст.

Муҳаммад Икромов миёни гуштигирони тоҷик дар мавқеи хубтар қарор дорад. Ӯ дар раддабандии вазни то 61 кило оид ба гуштии озод ҷойи 12-умро соҳиб шудааст.

Дар ин навъи гуштӣ ду паҳлавони дигари тоҷик - Ҳикматулло Воҳидов дар вазни то 57 кило ҷойи 13-ум ва Искандари Рустам дар вазни то 97 кило ҷойи 17-умро касб кардаанд.

Дар навъи гуштии юнониву румӣ аз Тоҷикистон танҳо як нафар - Мубинҷон Аҳмадов - ба бистгонаи беҳтаринҳо шомил шудааст. Ӯ дар миёни гуштигирони вазнашон то 63 кило дар ҷойи 20-ум қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ҳарчор гуштигири тоҷик соли гузашта дар қаҳрамонии Осиё дар Деҳлии Ҳиндустон бо ҷоизаҳо (ду медали нуқра ва ду биринҷӣ) мукофотонида шуданд. Дар сабқати гуштии озод Ҳикматулло Воҳидов дар вазни то 57 кило ва Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кг бо медалҳои нуқра ва Искандари Рустам дар вазни то 97 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар сабқати гуштии юнониву румӣ Мубинҷон Аҳмадов дар вазни то 63 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Инчунин Муҳаммад Икромов авохири соли 2020 дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар Белгради Сербия баргузор шуд, ҷойи панҷумро азони худ кард.

Ҳарчор гуштигири маъруфи тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мубориза хоҳанд бурд.

Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ шаҳри Бишкеки Қирғизистонро ба ҳайси мизбони мусобиқаи интихобии олимпӣ, ки рӯзҳои 27-29-уми март баргузор мешавад, тасдиқ намудааст.

Дар мусобиқа варзишгароне, ки аллакай роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиоро доранд, иштирок карда наметавонанд. Дар ҳар як дараҷаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад.

Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ, ки аз 30-юми апрел то 3-юми май дар Софияи Булғористон доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош мекунанд. Дар ин мусобиқа низ дар ҳар вазн ду роҳхат дода мешавад. Яъне гуштигироне, ки ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд.

XS
SM
MD
LG