Ҷуфтҳои ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2021 аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври севуми марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки 15-уми феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир гардиданд, муайян шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар гурӯҳи “А” дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. “Истиқлол” дар даври севум бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. “Равшан” бо 6 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб гашт. Ҳарду даста ба нимфинал роҳ ёфтанд.
Дар гурӯҳи “Б” дастаи “Хатлон”-и Бохтар, ки бо 6 имтиёз ғолиб шуд, ба нимфинал роҳ пайдо кард. Иштироккунандаи чаҳоруми даври ниманиҳоӣ дар бозии даври севуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода маълум шуд. Барои ба нимфинал баромадан «Регар-ТадАЗ»-ро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекард, вале ба «Барқчӣ» танҳо ғалаба зарур буд. Бозии охирин бо пирӯзии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид ва футболбозони шаҳри Турсунзода ба нимфинал баромаданд.
Ҳамин тариқ, дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи чоршанбе, 17-уми феврал, «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Равшан» рақобат хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Мастчоҳ» – ССКА – 2:3
Голҳо: Салоҳиддин Одиназода, 28 (1:0). Муҳсин Рустамзода, 50 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 61 (2:1). Ҷонибек Шарипов, 90 (2:2). Комрони Мирзохон, 90+2 (2:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҷонибек Шарипов (ССКА).
«Равшан» – «Истиқлол» – 0:4
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 64 (0:1). Алишер Ҷалилов, 67 (0:2). Салам Ашурмамадов, 75 (0:3). Рустам Соиров, 90+2 (0:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Салам Ашурмамадов («Истиқлол»).
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
3 |
3 |
0 |
0 |
12-1 |
9 |
2 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
3 |
2 |
0 |
1 |
7-7 |
6 |
3 |
ССКА (Душанбе) |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-6 |
3 |
4 |
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ) |
3 |
0 |
0 |
3 |
5-14 |
0 |
Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 38 (0:2). Абдулло Шарипов, 82 (1:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»).
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
2 |
2 |
0 |
0 |
6-0 |
6 |
2 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-2 |
3 |
3 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-7 |
0 |
Нимфинал
17-уми феврал (чоршанбе)
11:00 – «Хатлон» – «Равшан». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
20-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Финал
Агар сохибаш пайдо нашуд, ман тайёрам ин борро сохиби кунам. Дар хизмат тайёрем.
Ман як чизро сарфхм нарафтам долархо ёрдами Арикову Аврупо ки хукумати А Гани горат намуданд. 90 кг тилоро аз кучо пайдо намуданд. Ёинки тилохам хайрияи башарист хукумати ЧТ бояд дар назди хабарнигорон ин кочокро ба хукумати Афгонистон супорад ва хукумати Афгонистон барои камбизатхои мадуми факиру даррохафтода Афгон дар хузури хабарнигорони дохили ва хоричи таксимкарда шавад дар дигар холат мо бовар надорем..
Бечора точик дар ягон чо кадр надорад чихелеки хоханд шиканча медиханд. Ох миллати хору зорам кай ту охи сабук мекашида боши
Звуки камбагал дар тамоми чахон паст кардаги хозир. Лампаи звуковояш кухнаи бад шуда бурафтаги барои хамин оху нолааш факат то девори кулбааш мерасаду халос. Баро хамин ба кадри шапкаи Ленин расидан даркорай.
Пас Россия хам ба точикон дигар хакки истикомат надихад. Чин хохад ку Точикистонро ранги аждахо дар 3 сония фуру барад. Холо апетиташ камтар чаток барои хамин дар фикри мо нест.