Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tel Aviv Grand Slam" дар Исроил


Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tel Aviv Grand Slam”, ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар пойтахти Исроил – Тел-Авив - баргузор мешавад, Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 437 варзишгар (254 мард ва 183 зан) аз 63 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми феврал – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дувум – 19-уми феврал - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tel Aviv Grand Slam” ин дувумин мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов - иштирок карданд.

Аз байни онҳо натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов ба даст овард. Ин паҳлавони 23-солаи тоҷик дар вазни сангинтарин (+100 кг) аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG