Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 рӯзи 11-уми феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор шуруъ шуд, ки то 20-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат дорад.
Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» ССКА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохил шудаанд.
Дар даври аввали марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки 11-уми феврал доир гардид, дар гурӯҳи “А” «Равшан» бар «Мастчоҳ» бо ҳисоби 5:2 ва «Истиқлол» бар ССКА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Дар гурӯҳи “Б” Хатлон» ба дарвозаи «Барқчӣ» панҷ голи беҷавоб зад.
Бозиҳои даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи шанбе, 13-уми феврал, баргузор мешаванд. Тибқи низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 20-уми феврал барпо мегардад.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2021. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»
ССКА (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
«Истиқлол» (Душанбе)
Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Хатлон» (Бохтар)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
Даври 1-ум
11-уми феврал (панҷшанбе)
Гурӯҳи «А»
«Равшан» – «Мастчоҳ» – 5:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 4 – аз пеналти (1:0). Муҳсин Рустамзода, 11 (1:1). Алфред Гуаве Окаи, 41 (2:1). Салоҳиддин Одиназода, 70 (2:2). Аваз Қамчинов, 80 (3:2). Шодӣ Муродов, 90 (4:2). Далер Чолов, 90+2 (5:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Кароматулло Саидов («Равшан»).
ССКА – «Истиқлол» – 0:2
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 78 (0:1). Рустам Соиров, 85 (0:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Салам Ашурмамадов («Истиқлол»).
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-2 |
3 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-0 |
3 |
3 |
ССКА (Душанбе) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-2 |
0 |
4 |
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ) |
1 |
0 |
0 |
1 |
2-5 |
0 |
Гурӯҳи «Б»
Даври 1-ум
«Барқчӣ» – «Хатлон» – 0:5
Голҳо: Жан Гатен НД, 12 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 20 (0:2). Худойдод Узоқов, 43 (0:3). Нуриддин Ҳамроқулов, 72 (0:4). Саидшо Бозоров, 78 (0:5).
Аз майдон хориҷ шуд: Меҳрубони Абдурауф («Барқчӣ»), 46 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-0 |
3 |
2 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
3 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-5 |
0 |
Даври 2-юм
13-уми феврал (шанбе)
Гурӯҳи «А»
10:30 – «Истиқлол» – «Мастчоҳ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – ССКА – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «Б»
10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
15-уми феврал (душанбе)
Гурӯҳи «А»
10:30 – «Мастчоҳ» – ССКА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «Б»
10:30 – «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Нимфинал
17-уми феврал (чоршанбе)
10:30 – Нимфинали аввал
14:00 – Нимфинали дувум
20-уми феврал (шанбе)
10:30 – Бозӣ барои ҷойи севум
14:00 – Финал