Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бавария"  бори дувум қаҳрамони ҷаҳон миёни бошгоҳҳо шуд


Дастаи "Бавария"-и Мюнхен. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Бавария"-и Мюнхен. Акс аз бойгонӣ.

Бошгоҳи футболи “Бавария”-и Мюнхени Олмон, ки дар бозии ниҳоӣ бошгоҳи мексикоии “Тигрес”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бори дувум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни бошгоҳҳо даст ёфт.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 11-уми феврал дар варзишгоҳи «Эдюкейшн Сити»-и шаҳри Эр-Райяни Қатар доир гардид. Голи ягонаро Бенжамен Павар, ҳимоятгари фаронсавии «Бавария», дар нимаи дувуми дидор, дақиқаи 59-уми бозӣ, ба самар расонид.

Ба ин тартиб, «Бавария» бори дувум дар таърихи хеш Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард. Бори аввал ин даста соли 2013 қаҳрамони ҷаҳон гардида буд.

Ҳамин тариқ, бошгоҳҳои Аврупо дар ҳашт мусобиқаи охирини қаҳрамонии ҷаҳон ғолиб шудаанд.

Қаҳрамонии футболи ҷаҳон миёни бошгоҳҳо

Финал
«Бавария» (Мюнхен, Олмон) - «Тигрес» (Монтеррей, Мексика) – 1:0 (0:0)
Гол: Павар, 59.

«Бавария»: Нойер, Павар, Зюле, Эрнандез, Дэйвис, Коман (Дуглас Коста, 74), Алаба, Киммих, Сане (Мусиала, 73), Гнабри (Толиссо, 64), Левандовски (Шупо-Мотинг, 73).

«Тигрес»: Гусман, Родригес Аланис (Х.Кинйонес, 80), Рейес, Салседо, Дуэняс, Акино, Рафаэл Кариока, Писарро, Л.Кинонес, Гонсалес, Жиняк.

Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳо ин мусобиқаест, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) баргузор мешавад. Дар он шаш дастаи ғолиби мусобиқоти қитъавии бошгоҳҳо ширкат меварзад. Мусобиқаи имсола моҳи декабри соли 2020 пешбинӣ шуда буд, аммо бинобар пандемияи коронавирус созмондиҳандагон онро ба моҳи феврали соли 2021 мавқуф гузоштанд.

XS
SM
MD
LG