Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки имрӯз, 11-уми феврал, дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор шуруъ шуд, то 20-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат меварзад.
Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои ССКА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохил шудаанд.
Тибқи низомномаи Ҷоми ФФТ-2021, аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 20-уми феврал ба нақша гирифта шудааст.
Дар даври аввали марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки имрӯз, 11-уми феврал, доир мегардад, се бозӣ миёни дастаҳои ССКА – «Истиқлол», «Равшан» – «Мастчоҳ» ва «Барқчӣ» – «Хатлон» баргузор мешавад.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2021. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»
ССКА (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
«Истиқлол» (Душанбе)
Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Хатлон» (Бохтар)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум
11 феврал (панҷшанбе)
Гурӯҳи «А»
10:30 – «Равшан» – «Мастчоҳ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – ССКА – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «Б»
14:00 – «Барқчӣ» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
13 феврал (шанбе)
Гурӯҳи «А»
10:30 – «Истиқлол» – «Мастчоҳ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – ССКА – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «Б»
10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
15 феврал (душанбе)
Гурӯҳи «А»
10:30 – «Мастчоҳ» – ССКА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «Б»
10:30 – «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Нимфинал
17 феврал (чоршанбе)
10:30 – Нимфинали аввал
14:00 – Нимфинали дувум
20 феврал (шанбе)
10:30 – Бозӣ барои ҷойи севум
14:00 – Финал
Музди меҳнат дар Тоҷикистон боз боло рафтааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат “шукрона”-и онҳоро ба инобат намегирад ва бо вуҷуди арзонӣ дар бозор музди меҳнатро ба маротиб боло бурдаанд. Як манбаъ дар агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо шарти зикр нашуди номаш дар ҷавоби катбӣ ба мо гуфт, ки дигар мансабдорон даст ба коррупсия намезананд ва пули буҷети давлатӣ самаранок истифода мешавад. Манбаъи дигари мо дар кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ телефонӣ тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик худотарс шудаанд ва аз даст задан ба ришваситонӣ худдорӣ мекунанд. Коршиносон якбора боло рафтани музди меҳнат дар Тоҷикистонро ба “шукр”-и зиёд гуфтани сокинон рабт медиҳанд.

Гандуму дону ғалла, орду сабӯсу палла, Хоку замину пору, обу каланду салла! Халқи тайёрахӯри мо ҳамеша дастнигари дигаронем. Замин дар ихтиёр, оби мусаффои фаровон, “вроде” мардуми заҳматкашу деҳқон дорем, ҳанӯз ҳам аз камбуди гандуму қимматии орд азият мекашем. Оё гандумкорӣ ҳам “терроризм” аст? Оё деҳқонӣ “сепаратизм” аст?
"Озоди" ба чотон ман шарм доштум - "рУстанипарвари" :)
Statistikai hukumat ham az dasti fassodkoriash shubhanok ast!