Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) рӯйхати бозигаронеро тартиб додааст, ки дар сатҳи бошгоҳҳо 500 гол ва ё бештар аз он задаанд.
Дар ин рӯйхат ҳамлагари собиқи бразилӣ Ромарио бо 689 гол дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. Ҷойи дувумро ҳамватани ӯ Пеле ишғол кардааст (684 гол). Ба сегонаи беҳтаринҳо ҳамлагари бошгоҳи "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналду бо 661 гол дохил шудааст.
Ба ин рӯйхат, инчунин сарвон ё капитани бошгоҳи "Барселона"-и Испания Лионел Месси (651 гол) ва ҳамлагари дастаи “Милан»-и Италия Златан Иброҳимович (501 гол) шомиланд. Дар айни замон, танҳо ин се бозигар фаъолияти варзишии худро идома медиҳанд.
Рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин ҳангоми фаъолияташон дар бошгоҳҳои футбол аз рӯи назари IFFHS:
- Ромарио (Бразилия - 689 гол
- Пеле (Бразилия) - 684
- Криштиану Роналду (Португалия) - 661
- Йозеф Битсан (Австрия) - 656
- Лионел Месси (Аргентина) - 651
- Ференс Пушкаш (Венгрия) - 645
- Ҷимми Ҷонс (Ирландияи Шимолӣ) - 635
- Ҷо Бэмбрик (Ирландияи Шимолӣ) - 593
- Эйсебио (Португалия) - 581
- Герд Мюллер (Олмон) - 566
- Гленн Фергюсон (Ирландияи Шимолӣ) - 562
12-13. Фернанду Пейротеу (Португалия) - 538
12-13. Ҷимми Макгрори (Шотландия) - 538
- Уве Зеелер (Олмон) - 508
- Златан Иброҳимович (Шведсия) - 501
- Алфредо Ди Стефано (Аргентина) - 500