Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бавария" ва "Тигрес" дар финали қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо бозӣ мекунанд


Бошгоҳи “Бавария”-и Мюнхени Олмон ба финали қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо, ки ҳоло дар Қатар ҷараён дорад, роҳ ёфт. Ҳамакнун олмониҳо рӯзи панҷшанбеи 11-уми феврал кӯшиш мекунанд, ки бори дувум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёбанд.

“Бавария” 8-уми феврал дар бозии ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ миёни бошгоҳҳо бо “Ал-Аҳлӣ” (Миср) рақобат кард. Бозӣ дар варзишгоҳи "Аҳмад бин Алӣ" -и Ал-Раяни Қатар баргузор шуд ва бо пирӯзии олмониҳо бо ҳисоби 2: 0 хотима ёфт.

Ҳарду голро дар ин дидор Роберт Левандовскии лаҳистонӣ ба самар расонид. Ӯ ҳисобро дар дақиқаи 17-ум боз кард. Вай голи дувумро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 85-ум, зад.

Ҳамин тариқ, “Бавария” ба финали қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо роҳ пайдо кард ва бо бошгоҳи мексикоии “Тигрес” (Мексикаи UNL Tigres) бозӣ мекунад. Бозии ниҳоӣ рӯзи 11-уми феврал баргузор мешавад. Дар бозӣ барои ҷойи 3-юм “Ал-Аҳлӣ” бо бошгоҳи бразилии “Палмейрас” рақобат хоҳад кард.

Дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо, ки онро FIFA мегузаронад, “Бавария” бори дувум ширкат меварзад. Соли 2013 ин бошгоҳ бо роҳбарии Хосеп Гвардиола дар Марокаш тими “Раҷа Касабланка”-ро бо ҳисоби 2: 0 шикаст дода буд.

Бошгоҳҳои Аврупо дар ҳафт мусобиқаи охирини қаҳрамонии ҷаҳон ғолиб шудаанд. “Бавария” ин силсиларо соли 2013 оғоз кард ва сипас “Ливерпул” соли 2019 идома дод.

Қаҳрамонии футболи ҷаҳон миёни бошгоҳҳо

1/4 финал, 4 феврал:

«Тигрес» (Мексика) - «Улсан Ҳёнде» (Кореяи Ҷанубӣ) - 2:1
Голҳо: Жиняк, 38, 45+5 (аз пеналти) - Ким Ки Ҳи, 24.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Аҳлӣ» (Миср) - 0:1
Гол: Эл-Шаҳат, 30.

7 феврал, бозӣ барои ҷойи 5-ум:
«Улсан Ҳёнде» (Кореяи Ҷанубӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - 1:3
Голҳо
: 0:1 - 21 Эдмилсон Жуниор, 1:1 - 62 Юн Бит Гарам, 1:2 - 66 Мунтарӣ, 1:3 - 82 Алӣ.

1/2 финал, 7 феврал:
«Палмейрас» (Бразилия) - «Тигрес» - 0:1
Гол
: 0:1 - 54, пеналти Жиняк.

8 феврал:
«Ал-Аҳлӣ» - «Бавария» (Олмон) - 0:2
Голҳо: 0:1 - 17 Левандовски, 0:2 - 85 Левандовски.

Бозӣ барои ҷойи 3-юм:
«Палмейрас» - «Ал-Аҳлӣ»
11 феврал, 21.00

Финал:
«Бавария» - «Тигрес»
11 феврал, 00.00

XS
SM
MD
LG