Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 аз 11-ум то 20-уми феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат меварзад.
Бар асоси қуръакашӣ, ки 8-уми феврал дар дафтари ФФТ доир гардид, ба гурӯҳи «А» дастаҳои ССКА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохил шуданд.
Тибқи низомномаи Ҷоми ФФТ-2021, аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 20-уми феврал ба нақша гирифта шудааст.
Дар даври аввали марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки рӯзи панҷшанбе, 11-уми феврал, доир мегардад, се бозӣ миёни дастаҳои ССКА – «Истиқлол», «Равшан» – «Мастчоҳ» ва «Барқчӣ» – «Хатлон» баргузор мешавад.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2021. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»
ССКА (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
«Истиқлол» (Душанбе)
Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Хатлон» (Бохтар)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум
11-уми феврал (панҷшанбе)
Гурӯҳи «А»
ССКА – «Истиқлол»
«Равшан» – «Мастчоҳ»
Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» – «Хатлон»
Даври 2-юм
13-уми феврал (шанбе)
Гурӯҳи «А»
«Истиқлол» – «Мастчоҳ»
ССКА – «Равшан»
Гурӯҳи «Б»
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»
Даври 3-юм
15-уми феврал (душанбе)
Гурӯҳи «А»
«Равшан» – «Истиқлол»
«Мастчоҳ» – ССКА
Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе