Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Радиои Озодӣ кор кардан мехоҳед?


Радиои Озодӣ барои сомонаи худ ба забони русӣ муҳаррир ҷустуҷӯ дорад, ки дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор кунад.

Масъулияти муҳаррири вебсайт навиштану таҳрири гузориш ва матолиб барои сомонаи Радиои Озодӣ аст. Бахши дигари масъулият ҳамоҳангсозии кор ҳангоми инъикоси хабарҳои доғ аст.

Айни замон ӯ бояд маҳорати аксу наворгирӣ, таҳрири гузоришҳои видеоӣ ва кор дар шабакаҳои иҷтимоиро дошта бошад. Садоқат ба меъёрҳои журнализм ва бетарафӣ ҳангоми инъикоси рӯйдоду хабар талаботи асосӣ аз фардест, ки мехоҳад, муҳаррири вебсайти Радиои Озодӣ бошад.

Донистани забонҳои тоҷикиву русӣ ҳатмӣ аст, донистани забони англисӣ истиқбол мешавад.

БО ШАРТҲОИ ҚАБУЛ БА КОР ДАР ИНҶО ОШНО ШАВЕД:

https://www.rferl.org/jobs/detail/BTAB047-2101.html

БАРОИ ФИРИСТОДАНИ ДАРХОСТ БА ИН САҲИФА РАВЕД:

https://apply.teamio.com/public/respond?vacancy=1551803816&rps=202

XS
SM
MD
LG