Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 маълум шуданд


Ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2021 аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - муайян шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар минтақаи Душанбе чаҳор дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи аввал дар ду гурӯҳ рақобат карданд. Бозиҳо дар ин минтақа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА-и Душанбе, ки мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба финали Ҷоми ФФТ-2021 роҳ ёфтанд.

Аз гурӯҳи “Б” ду дастаи пешсаф - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Барқчӣ»-и Ҳисор - ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо карданд.

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаҳои Суғду Хатлон низ анҷом ёфт. Аз вилояти Суғд дастаҳои “Эсхата-2” ва “Мастчоҳ” ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоиро пайдо карданд.
Вилояти Хатлонро дар даври ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Равшан”-и Кӯлоб муаррифӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, ҳашт даста – чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон – ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки моҳи феврал дар пойтахти кишвар баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Аммо тақвими бозиҳои финали Ҷоми ФФТ- 2021 ҳанӯз эълон нашудааст.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) ССКА «Помир» (Душанбе) 1:1. Аз рӯи пеналтӣ 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3:1

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 5:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 1:2

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG