Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби беҳтарин футболбозони Осиё дар даҳсолаи охир тартиб дода шуд


Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи рамзии беҳтарин футболбозони Осиёро дар даҳ соли ахир тартиб додааст. Барои тартиб додани ин феҳрист давраи аз соли 2011 то 2020 ба назар гирифта шудааст.

Вазифаи дарвозабон ба зимаи Мэттю Дэвид Райани 28-сола аз бошгоҳи футболи “Брайтон ва Ҳов Албион” (Brighton & Hove Albion Football Club)-и Англия ва мунтахаби Австралия вогузор шудааст.

Инчунин ба ҳайати дастаи рамзии мунтахаби беҳтарин футболбозони Осиё дар даҳсолаи ахир чунин бозигарони машҳур, ба мисли Ву Лей аз Чин, Кейсуке Ҳонда аз Ҷопон ва Сон Ҳин Мин аз Кореяи Ҷанубӣ шомиланд. Вале ба ин рӯйхат намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дохил нестанд.

Дастаи беҳтарини футболбозони Осиё дар даҳсолаи охир мувофиқи назари IFFHS:

Дарвозабон: Мэттю Райан (Австралия),

Ҳимоятгарон: Муҳаммад Ал Бурайк (Арабистони Саудӣ), Такеҳиро Томиясу (Ҷопон), Мая Йошида (Ҷопон), Тиратон Бунматан (Тайланд),

Нимҳимоятгарон: Ву Лей (Чин), Кейсуке Ҳонда (Ҷопон), Салим Муҳаммад Ал-Давсарӣ (Арабистони Саудӣ),

Ҳамлагарон: Сон Ҳин Мин (Кореяи Ҷанубӣ), Алӣ Алмоез (Қатар), Умар Ал-Сома (Сурия).

XS
SM
MD
LG