Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд-2021” дар Минск


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021”, ки имрӯз, 3-юми феврал, дар Мински Беларус баргузор шуд, бар тими Молдова бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд.

Голҳои Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷӯрабекзода ва Суннатулло Азизов ба мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз овард.

Аз ин пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021”, ки 31-уми январ дар Минск баргузор шуд, тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дода буд.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии охиринро дар Минск 6-уми феврал бо дастаи мизбон - Белорус анҷом хоҳанд дод.

Дар "Ҷоми Рушд-2021" чаҳор дастаи наврасон – Белорус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат дорад.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон соли гузашта ба финали «Ҷоми рушд-2020» роҳ ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар бозии ниҳоӣ дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми рушд-2021” дар Минск

Даври 1-ум

31-уми январ (якшанбе)

Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-17) – 1:7

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯрабекзода, 89 (1:7).

31-уми январ. Минск. Толори футбол.

Белорус – Молдова – 0:2

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U-17) – Молдова (U-17) – 5:1

Голҳо: Ҳукмиддин Шомуродов, 28 (1:0). Хусрав Тоиров, 31 (2:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 35 (3:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 61 (4:0). Ботан Дан, 77 (4:1). Суннатулло Азизов, 87 (5:1).

3-юми феврал. Минск. Толори футбол.

Беларус (U-17) – Қазоқистон (U-17) – 2:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон (U-17)

2

2

0

0

12-2

6

2

Молдова (U-17)

2

1

0

1

4-6

3

3

Қазоқистон (U-17)

2

1

0

1

5-9

3

4

Белорус (U-17)

2

0

0

2

3-7

0

Даври 3-юм

6-уми феврал (шанбе)
14:00. Молдова – Қазоқистон
17:30. Белорус – Тоҷикистон

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG