Додгоҳе дар Маскав Алексей Навалнийи 44-сола, мунтақиди сарсахти Владимир Путин ва раҳбари мухолифини Русияро бо гуноҳи риоя накардани қоидаҳои ҳабси шартӣ ба зиндон маҳкум кард. Навалний аз рӯйи парвандаи соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ 3,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Хадамоти зиндонҳои Русия иддао кард, ки моҳҳои охир ҷойи будубоши Навалнийро намедонист ва, ба ин тартиб, ӯ қоидаи адои зиндони шартиро риоя накард.
Додгоҳ рӯзи 2-юми феврал гуфт, ҳабси шартии соли 2014-ро ба ҳабси воқеӣ табдил дод ва Алексей Навалнйиро ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард. Аммо додрас гуфт, бо сабаби он ки сиёсатмадори мухолиф дар соли 2014 чандин моҳро дар ҳабси хонагӣ гузаронд, 2,5 сол дар зиндони низомаш умумӣ мемонад.
Ҳамчунин, замони ҳабси ӯро аз 17-уми январи имсол ҳисоб мекунанд, рӯзе, ки ӯ баъди муолиҷа аз заҳролудшавӣ аз Берлин ба Маскав баргашт ва дар фурудгоҳи Шереметево дастгир шуд.
Муттаҳидони Алексей Навалний бо норозигӣ аз ҳукми додгоҳ билофосила ҳаводоронашонро ба таҷаммуъ дар маркази Маскав даъват карданд. Вакили мудофеи сиёсатмадори мухолиф ба хабарнигорон гуфт, ба зидди ҳукм эътироз хоҳанд кард.
Алексей Навалний дар мурофиаи додгоҳии рӯзи сешанбе Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба “тарсуӣ” муттаҳам кард ва гуфт, ӯ ҳамчун “Путини заҳролудкунанда” дар таърих сабт хоҳад шуд.
Ҳукми зиндони Алексей Навалний бар асоси дархости масъулони Хадамоти зиндонҳои Русия сурат гирифт, ки гуфтанд, дар бораи ҷойи будубоши Навалний хабар надоштанд.
Ӯ дар додгоҳ гуфт: "Ман беҳуш шуда будам. Ба Шумо санадҳоро дар бораи беморӣ ва маҳалли будубоши ман фиристоданд. Баъдан ман ба ҳавопаймо нишастаму омадам. Боз чӣ кори дигар мекардам? Шумо мегӯед, ба хонаи ман рафтед ва дар онҷо набудам. Албатта, ки дар онҷо набудам. Ман боз чӣ кор карда метавонистам?"
Дар ҷавоб намояндаи Хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, Навалнийро зарур буд, ба телефонҳои ин ниҳод занг зада, дар бораи худ ва маҳалли ҷойгиршавиаш маълумот медод.
Алексей Навалний моҳи августи соли 2020, баъд аз он ки дар ҳавопаймое дар Русия заҳролуд шуд, барои муолиҷа ба шифохонаи Берлин интиқол ёфт.
Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки ӯ бо заҳри низомии навъи "Новичок" заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремлин иттиҳомро рад намуд.
Мурофиа ва ҳабси Навалний дар пасманзари намоишҳои эътирозии тарафдорони ӯ баргузор шуд, ки бо ҳукумати президент Владимир Путин розӣ нестанд. Ин эътирозҳо ду ҳафтаи охир дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия баргузор шуда, мақомот то ин дам ҳазорҳо нафарро дастгир кардаанд. Пеш аз мурофиаи рӯзи сешанбе низ беш аз 300 ҷонибдори Навалний боздошт шуданд.
Дмитрий Гудков, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия дар сӯҳбат бо телевизиони "Настоящее Время" рӯзи 2-юми феврал гуфт:
"Таҳаввулотро мушоҳида карда, ба чунин натиҷа омадан мумкин аст, ки ҳукумат комилан аз воқеият канда шудааст ва дигар намефаҳмад, ки на бо Навалний, балки бо шаҳрвандон ва ҷомеа меҷангад. Эътирозҳо дигар аз чаҳорчӯби нирӯҳои либералӣ хориҷ шудааст ва мардум дар бисёр минтақаҳо на ба хотири Навалний, балки ба хотири мухолифат бо ҳукумат, беадолатӣ ва дар пасманзари васоили тиллоии тозакунии ҳоҷатхонаҳо, ки дар филми қаср дидем, зидди фақру бенавоӣ мебароянд."
Баъд аз эълони ҳукми Навалний, Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо ибрози "нигаронии амиқ" бори дигар хостори озодии фаврии ӯ шуд. Котиби давлатии Амрико дар баёнияе гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳарчанд дар ростои пешбурди манофеи худ ба ҳамкорӣ бо Русия идома медиҳад, аммо ҳамроҳи муттаҳидон ҳукумати Русияро дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонаш масъул медонад.
Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон, дар Твиттер навишт, "ҳукми имрӯзаи Навалний зарбаи сахте ба озодиҳои бунёдӣ ва волоияти қонун дар Русия аст". Ӯ низ ба озодии билофосилаи Алексей Навалний даъват кард.