Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба варзишгари тоҷик барои хидматҳои содиқонааш медал дод


Андрей Абдувалиев (дар байн).
Андрей Абдувалиев (дар байн).

Андрей Абдувалиев, варзишгари маъруфи тоҷик, ки феълан дар Узбекистон ба сар мебарад ва раиси Федератсияи варзиши сабуки он кишвар мебошад, бо мукофоти олии ҳукуматӣ - медали «Содиқ хизматлари учун» (“Барои хидмати содиқона”) мукофотонида шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, Абдувалиев барои хидматҳо ва саҳми бузургаш дар рушди варзиши сабук дар он кишвар бо ин мукофоти олӣ сарфароз гашт.

Мукофотро ба ӯ дар як маросими ботантана, ки 29-уми январ дар дафтари Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон доир гардид, муовини аввали вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Равшан Ирматов ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Ойбек Қосимов супурданд.

Устоди шоистаи варзиши СССР дар гурзандозӣ Андрей Абдувалиев, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар таърихи варзиши тоҷик чандин саҳифаи дурахшон боз кардааст. Ӯ қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 1992 дар Барселона (Испания), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар соли 1993 дар Штутгарт (Олмон) ва соли 1995 дар Ҳётеборг (Шведсия), барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар соли 1998 дар Бангкок (Таиланд), инчунин қаҳрамони Осиё дар соли 1998 дар Фукуоко (Ҷопон) мебошад.

Беҳтарин натиҷаи ӯ дар фаъолияти варзишиаш 83 метру 46 сантиметр дар соли 1990 буд. Зимнан, дар муддати 26 сол баъди дувумин пирӯзии Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон, то ҳоло ягон варзишгари дигар аз Тоҷикистон дар риштаҳои олимпӣ медали тилло ба даст наовардааст.

Андрей Абдувалиев беҳтарин мураббии варзиши сабуки қораи Осиё эътироф шудааст. Ҷоизаи «Мураббии беҳтарини Осиё»-ро ӯ соли 2011 дар анҷумани Иттиҳодияи варзиши сабуки ин қора дар шаҳри Кобеи Ҷопон дарёфт кардааст.

Гурзандози маъруф Сӯҳроб Хоҷаев, ки соли 1993 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, чанд соли ахир дар шаҳри Тошканд ба сар мебарад ва таҳти раҳбарии Андрей Абдувалиев тамрин мекунад. Ӯ мақсад дорад, ки ба мисли устодаш қуллаҳои баланди варзишро фатҳ намояд. Хоҷаев дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия Узбекистонро намояндагӣ кард ва ҳоло ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG