Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун 30-юми январ ба Дубай расид, аввалин тамрини худро анҷом дод. Дар тамрин 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – иштирок карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои тими миллии кишвар бо мунтахаби Урдун дар Дубай рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал баргузор мешаванд.
Ин бозиҳо, ки дар варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир мегарданд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).
Бозиҳои дӯстона
1-уми феврал (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе
Урдун – Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
5-уми феврал (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе
Урдун – Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Тиллои кию пули кӣ, ҷавобгариш дар сари кӣ..
Isroil ba doshtani silohi atomi hak doshta boshad, pas Iron ham hak dorad. Sababi nooromihoi mintaka hudi Isroil ast, u mehohad obro loy karda mohi dorad.
Insoni khele khub hast, Khudo shifoyash bakhshad. Agar zakhr doda boshand, in nomardii kalontarini tarikhi kuhsor hast, to ba kai tojikkushi va millatkushi? Kai nafs ho ser meshuda boshand az in kor.
Радиои озоди и серияи кино неки зури Бад рафт.о ин авгонхо худашон аэропорт надоранд???
То хатто гурбаи ман ба хандидан даромад