Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони аввалин мусобиқаи ҷудо дар мавсими нав


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни бузургсолон, ки рӯзҳои 30-31-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, 273 варзишгар аз минтақаҳои мухталифи кишвар ширкат карданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аввалин мусобиқаи ҷудо дар мависми нав миёни мардон дар ҳафт вазн ва миёни занон дар ду вазн доир гардид.

Аммо дар ин мусобиқа паҳлавонони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён, Акмал Муродов, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов иштирок надоштанд, зеро онҳо дар айни ҳол ба мусобиқаи байналмилалии Tel Aviv Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар Исроил доир мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни бузургсолон:

Мардон

-60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА
3. Сарвар АБДУШУКУРОВ
3. Аминҷон ХОЛОВ

-66кг
1. Ёқубҷон БОҚИЕВ
2. Баҳром СУФИЕВ
3. Алиҷон САФАРАЛИЕВ
3. Шаҳбоз САИДАБРОРОВ

-73кг
1. Разиаллоҳ ЛОИҚОВ
2. Иброҳим САИДАКБАРОВ
3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ
3. Алӣ БОҚИЕВ

-81кг
1. Саидмухтор РАСУЛОВ
2. Ҳамроз РАҶАБОВ
3. Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛЗОДА
3. Хусрав АЛАМОВ

-90кг
1. Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ
2. Комрон КАРЛИКОВ
3. Беҳрӯз ГУЛМАҲМАДЗОДА
3. Исроил РАҲИМОВ

-100кг
1. Мансур РАҲМОН
2. Абубакри АКОБИР
3. Эмомризо АНВАРЗОДА
3. Саидиброз ИКРОМОВ

+100кг
1. Фарёд ШАЙХОВ
2. Некрӯз НЕКБАХТЗОДА
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ
3. Умед КАМОЛОВ

Занон:
-63кг
1. Аҳлия МӮЪМИНОВА
2. Мавлуда ОДИНАЕВА

-70кг
1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА
2. Фирӯза РАҲИМОВА

XS
SM
MD
LG