Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021”, ки 31-уми январ дар Мински Беларус баргузор шуд, бар тими Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 7:1 пирӯз шуд.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода ба самар расониданд.
Дар "Ҷоми Рушд-2021" чаҳор дастаи наврасон – Белорус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат меварзад.
Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозиҳои навбатиро бо ҳамсолонашон аз Молдова (3-юми феврал) ва Белорус (6-уми феврал) анҷом хоҳанд дод.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон соли гузашта ба финали «Ҷоми рушд-2020» роҳ ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар бозии ниҳоӣ дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск
Даври 1-ум
31-уми январ (якшанбе)
Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-17) – 1:7
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯрабекзода, 89 (1:7).
31-уми январ. Минск. Толори футбол.
Белорус – Молдова – 0:2
Даври 2-юм
3-юми феврал (чоршанбе)
14:00. Тоҷикистон – Молдова
17:30. Белорус – Қазоқистон
Даври 3-юм
6-уми феврал (шанбе)
14:00. Молдова – Қазоқистон
17:30. Белорус – Тоҷикистон
Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.
Агар сохибаш пайдо нашуд, ман тайёрам ин борро сохиби кунам. Дар хизмат тайёрем.
Ман як чизро сарфхм нарафтам долархо ёрдами Арикову Аврупо ки хукумати А Гани горат намуданд. 90 кг тилоро аз кучо пайдо намуданд. Ёинки тилохам хайрияи башарист хукумати ЧТ бояд дар назди хабарнигорон ин кочокро ба хукумати Афгонистон супорад ва хукумати Афгонистон барои камбизатхои мадуми факиру даррохафтода Афгон дар хузури хабарнигорони дохили ва хоричи таксимкарда шавад дар дигар холат мо бовар надорем..
Бечора точик дар ягон чо кадр надорад чихелеки хоханд шиканча медиханд. Ох миллати хору зорам кай ту охи сабук мекашида боши
Звуки камбагал дар тамоми чахон паст кардаги хозир. Лампаи звуковояш кухнаи бад шуда бурафтаги барои хамин оху нолааш факат то девори кулбааш мерасаду халос. Баро хамин ба кадри шапкаи Ленин расидан даркорай.
Пас Россия хам ба точикон дигар хакки истикомат надихад. Чин хохад ку Точикистонро ранги аждахо дар 3 сония фуру барад. Холо апетиташ камтар чаток барои хамин дар фикри мо нест.