Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шеваи нави судури РВП-ро ҷорӣ кард. Муҳоҷирон аз қавмгароии масъулон шикоят доранд.ВИДЕО


Дар Русия аз моҳи январ қароре ба иҷро даромад, ки қоидаҳои гирифтани ҳаққи иқоматро барои хориҷиён аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик осон мекунад. То куҷо дуруст иҷро шудани он ҳанӯз маълум нест.

Сар аз 14 уми январ қарори нави ҳукумати Русия дар бораи тасдиқи қоидаҳои пешниҳоди РВП ё иҷозатномаи иқомати муваққатӣ барои хориҷиён амалӣ мешавад. Ҳоло барои мансабдорон, қоидаи мушаххас муайян шуд, ки тибқи он бояд ба хориҷиён иҷозаи муваққатии зист ё РВП дода шавад. Тибқи қарори нав комиссия бояд зимни баҳодиҳӣ ва пешниҳоди иҷозаи иқомат ин чанд меъёрро ба назар гирад.

  • Оё ӯ дар қаламрави Русия бештар аз 3 сол ё на камтар 6 моҳ кор карда аст;
  • Оё вай дар ягон муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ; рӯзона ё ғоибона ҳадди аққал як сол таҳсил кардааст;
  • Оё ягон хеше дорад, ки дорои шаҳрвандии Русия бошад;

То ин вақт квота барои иқомати муваққатӣ аз ҷониби комиссияи махсус дода мешуд.

Русия қоидаҳои додани ҳаққи иқоматро осон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Беҳзод Маҳмадҷонов муҳоҷири кории тоҷик панҷ сол боз талош дорад, иҷозаи муваққатии зист дар Русия ё РВП- ро бигирад. Вале тамоми талошҳояш дар ин муддат бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ӯ ҳар сол то 3-4 маротиба барои гирифтани ин санад дархост медиҳад. Маҳмадҷонов мегӯяд, бо вуҷуди сарсониҳои зиёд то ба ҳол нафаҳмид, ки квота ё иҷозатномаи муваққатии иқомат тибқи кадом тартиб дода мешавад. Ӯ мегӯяд, квотаи РВП мисли лоторея аст: “агар бахтатон омад кард, бурд мекунед. Агар не пас бояд моҳи дигарро интизор шуда дубора ҳуҷҷатҳоро бурда супоред.”

Ҳуқуқшинос Насим Абдуллаев, бар ин бовар аст, ки амалан ин қарори ҳукумат метавонад ба муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон барои гирифтани иҷозаи иқомати мқваққатӣ ё РВП мусоидат кунад. Қаблан нозирони муҳоҷират ба муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ба фарқ аз шаҳрвандони Украинаву Белорус бо дили нохоҳам ё ба сахтӣ ҳақи иҷозаи муваққат медоданд. Кормандони бахши муҳоҷирати ВКД -и Русия бар инанд, ки Украиниҳо ва Белорусҳо ба мардуми рус бештар наздиканд ва дар додани санад низ ба онҳо бартарӣ медиҳанд.

Аз сӯйи дигар ба бовари Насим Абдуллоев квотаи иқомати зист тариқи ришва ҳам харидуфурӯш мешуд. Дар қарори нав мушахас гуфта шудааст, ки бояд ба кадом гуруҳ иҷозаи иқомат дода шавад. Ҳадаф аз ҷорӣ кардани муқаррароти нав кам кардани мавридҳои ришваситонӣ гуфта мешавад. Аммо инро вақт нишон хоҳад дод ва ҳоло маълум нест, ки қонуни нав вазъи муҳоҷиронро беҳ месозад ё на.

"Вақте дар соли 2010 РВП набуд, мардум бар ивази 20-30-40 ҳазор рубл иҷозаи иқоматро мехариданд ва ба воситаи миёнаравҳо ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти шаҳрвандӣ месупориданд. Ва ҷолиб ин аст, ки онҳо шаҳрвандии Русияро мегирифтанд. Ҳоло ин маблағ боло рафтааст. Ман намедонам. Ҳоло маълум нест, ки баъд аз ин қарори нав маблағи ришва боз ҳам боло меравад ё на",-- иброз дошт Абдуллоев.

РВП – ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки барои патент пул надиҳанд. Ин санад барои иқомати доимӣ дар Русия ва баъдан ба даст овардани шаҳрвандӣ имконият фароҳам месозад. То куҷо ин қарори нави Русия кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикро дар ин кившар осон мекунад ҳанӯз маълум нест. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон дар ҳар сурат муайян шудани қоидаҳои мушаххас барои гирифтани иҷозаи муваққатии иқомат умедворкунанда аст.

То оғози пандемия, ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, 480 ҳазор ва ба гуфтаи мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири кории тоҷик дар он кишвар кору зиндагӣ мекарданд. Бахше аз онҳо дар оғози пандемия ва ба сабаби авҷи бемориву танаффус дар корхонаҳо тавассути парвозҳои чартерӣ ба кишвар баргаштанд. Бинобар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG