Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё 2023 моҳи марти соли 2022 шуруъ мешавад


Мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими мусобиқаҳоро барои соли 2021 тасдиқ кард. Бар асоси тақвим даври дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бояд 15-уми июни соли равон ба поён бирасад.

Аз рӯи натиҷаҳои даври дувум ҳашт дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ меёбанд ва ба таври худкор (автоматӣ) ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд.

Дар даври севуми Ҷоми ҷаҳон-2022, ки 2-юми сентябри соли 2021 оғоз ёфта, 29-уми марти соли 2022 ба анҷом мерасад, 12 даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои он ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки дар Қатар доир мегардад, роҳ пайдо мекунанд.

24 дастае, ки ба даври севуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ намеёбанд, барои роҳхатҳои боқимонда ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза хоҳанд бурд.

Тибқи нақшаҳои AFC марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2023 моҳи марти соли 2022 оғоз хоҳад ёфт. Бояд гуфт, ки дар 18-умин мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки аз 9-уми июн то 9-уми июли соли 2023 дар Чин баргузор мешавад, 24 дастаи мунтахаби миллӣ ширкат меварзад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамроҳи тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон ба гурӯҳи "F" шомил аст.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи "F" ба далели пандемияи COVID-19 ба моҳҳои март ва июни имсол мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG