Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раим-миллион"-ро муҳокима мекунанд


Раимбек Матраимов
Раимбек Матраимов

Муҳокимаи Раимбек Матраимов (Раим-миллион), муовини собиқи раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, ки барои берун бурдани миллионҳо доллар гумонбар аст, рӯзи 3-юми феврали имсол оғоз мешавад. Номи ӯ ба феҳрасти таҳримҳои Магнитскийи Амрико низ дохил шудааст.

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 27-уми январ гуфт, мурофиа дар Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкек мегузарад. Матраимов моҳи октябри соли гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуд ва аз он замон дар ҳабси хонагӣ аст.

Мақомоти Қирғизистон он замон гуфтанд, ки Матраимов розӣ шудааст, тахминан 2 миллиард сом (муодили 23,5 миллион доллар)-ро ҳамчун пардохти пешакии зарар ҷуброн кунад.

Қонунҳои Қирғизистон афви иқтисодиро пешбинӣ мекунанд ва бар асоси он шахси гунаҳкор метавонад бо пардохти маблағ аз таъқиби ҷиноӣ озод шавад. Агар додгоҳ қарор кунад, ки ҳукми гумонбаршуда бо ҳабсу зиндонӣ кардани ӯ вобаста намешавад, метавонад, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳаҷми пурраи хисороти молиро пардохт кунад ва раҳо гардад.

Моҳи июни соли 2019 таҳқиқоти журналистии муштараки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, созмони OCCRP ва Kloop як нақшаи пулшӯии садҳо миллиондоллариро фош кард. Муаллифони таҳқиқот гуфтанд, дар он нақши Матраимов асосӣ будааст.

Бар асоси таҳқиқоти маълум шудааст, ки садҳо миллион долларро аз Қирғизистон ба хориҷа тавассути як соҳибкори уйғур Айеркен Саидмаҳдӣ берун бурдаанд. Саидмаҳдӣ моҳи ноябри соли 2019 дар Истанбул кушта шуд.

Вазорати молияи Амрико дар моҳи декабри соли 2020 гуфт, ки Матраимовро барои нақшаш дар барномаи азими пулшӯйӣ таҳрим мекунад. Вазорат гуфт, ширкати зери назари Матраимов бо роҳи фирор аз пардохти молиёту боҷи гумрукӣ ва пулшӯйӣ, 700 миллион долларро аз Қирғизистон ба берун бурдааст.

Таҳримҳои ҷоришуда болои Матраимов бар асоси қонуни Магнитский мебошанд, ки соли 2012 барои муҷозоти шахсони дастдошта дар фасод ва нақзи ҳуқуқи инсон қабул шудааст.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯйи ЗАГС ё Идораи сабти асноди шаҳрвандии Қирғизистон Дамира Азимбоева ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова насаб ё фамилияи худро иваз карданд.

Бино ба гузоришҳо, насаби Матраимов акнун Исмоилов буда, ҳамсараш Сулаймонова шудааст. Бисёре аз мунтақидон бовар доранд, ин тасмим ба хотири фирор аз таҳримҳои Амрико сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG