Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо "Ал-Ҳилол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ" бозӣ мекунад


Дастаи «Истиқлол» -и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад.

Рақибони бошгоҳи Душанбе “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф “Ал-Ғарафа” (Қатар) - AГMК (Узбекистон) хоҳанд буд.

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 даҳ гурӯҳ ташкил шуд. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарбӣ аз 14-ум то 30-юми апрел ва дар минтақаи Шарқӣ аз 21-уми апрел то 7-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа ба даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро бо нишондодҳои хубтар ишғол мекунанд, роҳхат мегиранд.

Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021:

Минтақаи Ғарбӣ

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон).

Гурӯҳи «В»: «Шарҷа» (Иморот), «Трактор» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ваҳда» (Арабистони Саудӣ) – «Эйр Форс» (Ироқ).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Ал-Аҳлӣ Саудӣ» (Арабистони Саудӣ), «Истиқлол» (Эрон), «Ал-Шорта» (Ироқ).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти плей-офф «Фулод» (Эрон) – «Ал-Айн» (Иморот).

Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Райян» (Қатар), «Гоа» (Ҳиндустон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ваҳда» (Иморот) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Минтақаи Шарқӣ

Гурӯҳи «F»: «БГ Патҳум Юнайтед» (Тайланд), «Улсан Ҳёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ), «Виеттел» (Ветнам), ғолиби ҷуфти плей-офф «Бэйтсзин» (Чин) – «Брисбен Роар» (Австралия)/«Кайя Илоило» (Филиппин).

Гурӯҳи «G»: «Тсзянсу Сунин» (Чин), «Нагоя Грампус» (Ҷопон), «Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия), ғолиби ҷуфти плей-офф «Пҳоҳан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Ратчабури» (Тайланд).

Гурӯҳи «Н»: «Чонбук Ҳёндэ Моторс» (Ҷопон), «Гамба Осака» (Ҷопон), «Тампинес Роверс» (Сингапур), «Сидней» (Австралия).

Гурӯҳи «I»: «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Гуанчжоу» (Чин), «Юнайтед Сити» (Филиппин), ғолиби ҷуфти плей-офф «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Чианграй Юнайтед» (Тайланд).

Гурӯҳи «J»: «Шандун Лунэн» (Чин), «Тай Порт» (Тайланд), «Китчӣ» (Ҳонконг), ғолиби ҷуфти плей-офф «Сересо Осака» (Ҷопон) – «Мелбурн Сити» (Австралия)/«Шан Юнайтед» (Мянмар).

XS
SM
MD
LG