Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони "Равшан" ва "Хуҷанд" дар Ҷоми AFC-2021 маълум шуданд


Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 27-уми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои он бошгоҳҳои Тоҷикистон - "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд рақибони худро донистанд.

Ғолиби феълии Ҷоми Тоҷикистон - «Равшан» дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Рақибони “Равшан” қаҳрамони Қирғизистон -"Дордой"-и Бишкек ва ноиби қаҳрамони Туркманистон "Аҳал" хоҳанд буд.

Дорандаи медали нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Хуҷанд» ба гурӯҳи «F» ворид шуд, ки дар онҷо бо АГМК Узбекистон (ё «Насаф»), «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 аз 14-ум то 20-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. Ғолибони гурӯҳ дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки агар бошгоҳи AГMK ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 роҳ пайдо кунад, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон – “Насаф”-и Қаршӣ дар Ҷоми AFC-2021 иштирок хоҳад кард. Агар АГМК натавонад ба даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё роҳ ёбад, он гоҳ дар Ҷоми AFC бозӣ мекунад.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»:

«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Гурӯҳи «F»:

АГМК (ё «Насаф» Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Олой» (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG