Саддам Рамзиёрзода, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, дар ҷамъомади семоҳаи таълимию тамринӣ, ки дар шаҳри Қазони Русия, дар Маркази рушди Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA), доир шудааст, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар доираи Барномаи бурсияи FINA, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Саддам Рамзиёрзодаро ба ҷамъомади семоҳаи таълимию тамринӣ дар шаҳри Қазон сафарбар карданд.
Барномаи бурсияи FINA барои варзишгарони кишварҳое, ки имкони пасти гирифтани роҳхати Бозиҳои олимпиро доранд, роҳандозӣ шудааст.
Мутахассисони сатҳи байналмилалии FINA муддати се моҳ – аз 25-уми январ то 20-уми апрели соли равон 23 варзишгарро аз 18 кишвар – Албания, Ангола, Афғонистон, Венесуэла, Гана, Гватамела, Гурҷистон, Доминикан, Колумбия, Куба, Латвия, Литва, Македонияи Шимолӣ, Нигерия, Покистон, Руанда, Тоҷикистон ва Черногория - дар Маркази рушди FINA дар шаҳри Қазон аз рӯи шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 омода мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварӣ, Саддам Рамзиёрзода, ки қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон мебошад, пас аз иштирок дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Қазон моҳҳои апрел-май дар мусобиқаҳои интихобии олимпии FINA ширкат карда, барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош меварзад.